Дар вилояти Хатлон имконоти ҳамкорӣ дар самти бунёди неругоҳҳои барқӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 07.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 6 август Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбари ширкати «DINGSHENG CAPITAL CO., LTD.»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Хуан Линхуэй ва ҳайати мутахассисони ин ширкат вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.
Зимни мулоқот имконоти ҳамкорӣ дар самти бунёди неругоҳҳои барқӣ баррасӣ шуданд. Иброз гардид, ки татбиқи чунин лоиҳаҳо метавонад дар таҳкими инфрасохтори энергетикӣ, афзоиши иқтидори истеҳсоли неруи барқ ва рушди соҳаҳои истеҳсолии вилоят саҳми назаррас гузорад.
Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодиву сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори вилояти Хатлонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раиси вилояти Хатлон иброз намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва бахши хусусӣ барои ҷалби сармоя, ворид намудани технологияҳои муосир, таъсиси ҷойи нави кор ва таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии минтақа пайваста тадбир меандешад.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуда, барои рушди минбаъдаи ҳамкории иқтисодиву сармоягузорӣ изҳори омодагӣ карданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид






