Дар вилояти Суғд ба маблағи 20,5 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст
ДУШАНБЕ, 07.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2026 дар вилояти Суғд ба маблағи 20,5 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардида, суръати афзоиши истеҳсолот нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 111,2 фоиз таъмин шуд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии ин вилоят иттилоъ дода шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят 1334 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, шумораи номгӯйи маҳсулоти истеҳсолшаванда дар корхонаю коргоҳҳои саноатӣ ба 266 номгӯй расонида шудааст.
Тибқи нақша, соли 2026 дар вилоят таъсиси 140 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ бо таъсиси 2800 ҷойи нави кор пешбинӣ гардидааст. Дар натиҷаи тадбирҳои амалишуда давоми шаш моҳи соли 2026 66 корхонаю коргоҳи нав бо 496 ҷойи нави кор ба фаъолият оғоз намуданд.
Дар заминаи татбиқи пайгиронаи сиёсати иқтисодии Ҳукумати мамлакат ва роҳнамоиҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат соҳаи саноат тамоюли рушди устуворро нигоҳ доштааст.
Бо назардошти дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат тақвияти равандҳои саноатикунонӣ, ҷалби сармоягузории мустақим, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, рушди истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва содиротӣ, инчунин таъсиси ҷойи нави кор ҳамчун самтҳои афзалиятнок боқӣ мемонанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад






