Дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 13.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаҳои тиббии вилояти Суғд 30 ҳазору 473 нафар кормандон фаъолият дошта, аз ин шумора 5 ҳазору 499 нафар табибон ва 18 ҳазору 997 нафар кормандони миёнаи тиб мебошанд. Ин нукта зимни ҳамоиш бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб (18 август) дар вилояти Суғд иброз гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар ҳамоиш гуфта шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи тандурустӣ дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хосса дорад. Бо дастгирии пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди инфрасохтори тиббӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, омода намудани кадрҳои соҳавӣ ва бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ тадбирҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд.
Танҳо дар нимсолаи якуми соли 2026 барои соҳаи тандурустии вилоят 615,4 миллион сомонӣ ҷудо гардид. Аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ 532 таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ харида шудааст. Таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизоти муосир имкон медиҳад, ки беморон дар сатҳи баландтар ташхису табобат карда шуда, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббии босифат беҳтар гардад.
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2026 дар вилоят таъмиру бунёди 106 муассисаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин давра якчанд иншооти муҳими соҳаи тандурустӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар маҷмуъ дар вилоят дар ин давра 19 бинои муассисаҳои тандурустӣ сохта, ба истифода дода шуда, сохтмони 15 иншооти дигар идома дорад. Ҳамзамон 37 иншооти соҳа таъмир гардида, дар 35 иншоот таъмиру навсозӣ идома дорад.
Дар вилоят 946 муассисаи тандурустии давлатӣ, аз ҷумла 136 муассисаи госпиталӣ ва 810 сохтори кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, инчунин 295 муассисаи хусусӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Рушди беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, таваллудхонаҳо ва дигар муассисаҳои тиббӣ, бунёди иншооти нави соҳа дар шаҳру ноҳияҳо, муҷаҳҳазсозии онҳо бо таҷҳизоти замонавӣ ва таваҷҷуҳи пайваста ба тарбияи кадрҳои соҳибкасб аз ҷумлаи самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб мераванд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 август ҳамчун Рӯзи кормандони тиб таҷлил карда мешавад. Парлумони ҷумҳурӣ соли 1995 иди касбии табибонро ба номгӯи идҳои давлатӣ ворид намуд ва он ҳамасола дар зодрӯзи Ҳаким Абӯалӣ ибни Сино ҷашн гирифта мешавад. Абӯалӣ ибни Сино бузургтарин симои олами тибби ҷаҳонӣ мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






