Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст

Август 16, 2026 09:30

ДУШАНБЕ, 16.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Моҳипарварӣ соҳаи сердаромад ба ҳисоб рафта, сол ба сол таваҷҷуҳ ба он зиёд мешавад. Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат барои рушди ин соҳа аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон имтиёзҳо амалӣ гардиданд. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои истеҳсоли саршумори моҳӣ нисбат ба соли 1991 2,2 ҳазор тонна ё 1,7 маротиба зиёд мебошад.

Хоҷагиҳои моҳипарварӣ

Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар айни замон дар мамлакат 432 хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият мекунад.

Тоҷикистон дорои захираҳои бойи обӣ ва шароити мусоиди иқлимӣ мебошад, ки имкон медиҳад намудҳои гуногуни моҳӣ парвариш карда шаванд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ моҳиҳои  гармидӯстдор ва хунукидӯстдор,  аз ҷумла моҳии амури сафед, пешонағафси сафед, зағорамоҳӣ  ва гулмоҳӣ парвариш карда мешаванд.   Зеро ин гуна    моҳиҳо  ба шароити Тоҷикистон бисёр мувофиқ мебошанд.

Хоҷагиҳои  деҳқонӣ- кооперативӣ ва фермерӣ-деҳқоние, ки  дар ҷумҳурӣ мавҷуданд, бештар ба парвариши  моҳиҳои гармидӯстдор  машғул мебошанд.

Чанд ҳавзи моҳипарварӣ мавҷуд аст?

Барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар ҷумҳурӣ 1300 кӯли табиӣ, 8 обанбор бо масоҳати умумии 76 257 гектар (аз он 73 342 гектар обанбор ва 2915 гектар ҳавзҳоянд) мавҷуд буда, барои истеҳсоли моҳӣ дар хоҷагиҳо истифода бурда мешаванд.

Тибқи таҳлилҳои олимон, кӯлу дарёҳои Тоҷикистон дорои беш аз 60 намуди моҳӣ мебошанд. Дар дарёҳои кӯҳӣ ширмоҳӣ, гулмоҳӣ ва дигар намудҳоро метавон вохӯрд. Сифати моҳӣ ба сифати об алоқаманд аст, ҳар қадар об тоза бошад, ҳамон андоза моҳӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза мешавад. Таъми моҳӣ ҳам ба об вобаста аст. Об ширин бошад, моҳӣ ширин, шӯр бошад, шӯр мешавад.

Истеҳсоли моҳӣ

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ соли 2025 истеҳсоли моҳии молӣ ба 5,6 ҳазор тонна расонида шуд, ки нисбат ба соли 1991 2,2 ҳазор тонна ё 1,7 маротиба зиёд мебошад.

Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи меъёрҳои тавсиявии физиологии истеъмолии маҳсулоти асосии озуқаворӣ ба ҳар сари аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» талаботи ҳар сокини ҷумҳурӣ ба истеъмоли гӯшти моҳӣ дар як сол нуҳ килограмм тавсия мешавад.

Мутахассион иброз намуданд, ки Тоҷикистон имконияти истеҳсоли зиёди моҳиро дорад, зеро иқлим, ҳаво ва чашмаю обҳои ширини мамлакат барои рушди моҳипарварӣ созгор мебошанд.

Дастгириҳои давлат

Дар Тоҷикистон Қонун «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» ва барномаҳои давлатӣ барои рушди соҳа заминаи мустаҳкам фароҳам овардаанд. Инчунин пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ барои воридоти хӯроки моҳӣ ва технологияҳои муосир ба соҳибкорон такони ҷиддӣ дод.  Бо мақсади пешрафти соҳа ва таъмини бозорҳои мамлакат бо гӯшти моҳӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2023 «Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ба тасвиб расидааст.

Инчунин 29 августи соли 2025 қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Номгӯй ва ҳаҷми молу маводи бевосита барои субъекҳои хоҷагидор дар соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво вобаста ба эҳтиёҷоти худии онҳо бо назардошти ҳаҷми истеҳсоли мол дар соли 2025 воридшаванда, ки аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд» ба имзо расид.

Дар Тоҷикистон 27 корхона ба истеҳсоли хӯроки моҳӣ машғуланд, ки танҳо аз 25 то 35 фоизи хоҷагиҳои моҳипарвариро бо хӯрокӣ таъмин менамоянд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 65 намуди моҳӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 10 намуд, аз ҷумла гулмоҳӣ, ширмоҳӣ, лаққамоҳӣ, амури сиёҳ ва пешонағафси рангоранг дар хоҷагиҳо парвариш меёбанд. Сол ба сол зиёд шудани аҳолии мамлакат тақозо мекунад, ки моҳӣ аз ин ҳам бештар истеҳсол карда шавад.

25 июни соли 2025  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз Хоҷагии моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-Корея»-ро мавриди истифода қарор доданд. Ҳавзҳои моҳипарварии хоҷагии тозабунёд аз ҷиҳати сохт ва технологияи парвариш аз ҳавзҳои дигари моҳипарварии ҷумҳурӣ фарқ дошта, дар Тоҷикистон таҷрибаи нав мебошанд. Дар он ду намуди моҳӣ – салмон ва кохо парвариш меёбад. Гӯшти ин намуди моҳиҳо дар ҷаҳон талаботи зиёд дорад. Бо назардошти ин муассисон дар оянда нақша доранд, ки маҳсулотро дар баробари таъмини талаботи бозори дохилӣ ҳамзамон ба хориҷи мамлакат содирот намоянд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Август 16, 2026 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар ниҳолхонаҳо зиёда аз 120 ҳазор ниҳоли павловния парвариш меёбад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
АЗ ДУДИ АНГИШТ ЗАҲРОЛУД НАШАВЕД! Тавсияҳои судманд оид ба истифодаи бехатари ангишт дар фасли зимистон
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид