Дастаи шаҳри Кӯлоб сазовори Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба футболи хурд шуд
ДУШАНБЕ, 26.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон сазовори Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба футболи хурд гардид. Ҷоизасупории мусобиқа дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мусобиқа дастаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ҷойи якум, дастаи шаҳри Ҳисор ҷойи дуюм ва дастаи ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ҷойи сеюмро соҳиб гардиданд.
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни сокинони шаҳраку маҳаллаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва вазорату идораҳо барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» мусобиқаи футболи хурд баргузор гардид.
Дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа 8 даста, аз ҷумла дастаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Хатлон-1, Хатлон-2, вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳрҳои Ҳисор ва Ваҳдат ва ноҳияи Рашт ба марҳилаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Марҳилаи ҷумҳуриявии мусобиқа 24-25 августи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар доираи ин марҳила дастаҳо барои дарёфти ҷойҳои ифтихорӣ ва Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳам рақобат намуданд.
Дар бозӣ барои ҷойи сеюм дастаи ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо дастаи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд рақобат намуда, пирӯз гардид ва ҷойи сеюмро соҳиб шуд. Ба дастаи ноҳияи Дӯстӣ медалҳои биринҷӣ ва ҷоизаи пулӣ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ супорида шуд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ беҳтарин бозигарони мусобиқа, аз ҷумла беҳтарин нишонзан ва беҳтарин дарвозабон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва дипломҳои махсус қадрдонӣ гардиданд.
Мусобиқа дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Он ба рушди варзиши оммавӣ, ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва тарбияи ҳисси ватандӯстии насли ҷавон мусоидат мекунад.
АКС: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид






