Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд

Август 26, 2026 16:19

ДУШАНБЕ, 26.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-таҳти чунин унвон дар шаҳри Ҳисор бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода, роҳбарияти шаҳри Ҳисор, кормандони соҳаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар масъулони соҳа иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла соҳаи маориф заминаи мусоид фароҳам овард. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, беҳтар намудани шароити фаъолияти омӯзгорон ва фароҳам овардани имконияти нави таҳсил барои насли ҷавон корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.

Вакили Маҷлиси намояндагон Сурайё Дӯстмуродзода оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, нақши Истиқлолияти давлатӣ дар рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус маориф ва саҳми омӯзгорон дар тарбияи насли соҳибмаърифат сухан гуфт.

Дар ҳамоиш ҳамчунин оид ба аҳамияти ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон табодули назар карда шуд.

Дар идома оид ба масъалаҳои мубрами соҳаи маориф ва нақши омӯзгорон дар пешрафти ҷомеа мубодилаи афкор доир гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Август 26, 2026 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд