Давоми шаш моҳи соли 2026 зиёда аз 700 ҳазор сайёҳон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд

Август 6, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 06.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Давоми шаш моҳи соли 2026 701,3 ҳазор сайёҳон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ ба хабарнигорон хабар дод.

Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи тадбирҳое, ки давоми солҳои охир бо ташаббусҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои рушди босуботи пойтахт ва муҳайё сохтани шароити арзандаи зиндагӣ ба сокинон ва ташкили хизматрасонии босифат ва сатҳи баланд барои сайёҳон амалӣ шуданд, шаҳри Душанбе ободу сарсабз гардида, ба яке аз шаҳрҳои рушдкунанда ва пешрафтаи ҷаҳони муосир табдил ёфт.

Ҳамин аст, ки шумораи сайёҳон нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 61 ҳазор нафар зиёд мебошад.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар шаҳри Душанбе зиёда аз 2500 иншооти сайёҳӣ ва хизматрасонӣ ҷойгир буда, ҳамарӯза аз рӯйи талаботи мавҷуда ба меҳмонони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонанд.

Тавре дар «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» омадааст, шаҳри Душанбе-пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи сайёҳӣ буда, инфрасохтори мукаммали он ба рушди соҳаи сайёҳӣ беш аз пеш мусоидат менамояд.

Зиёд шудани шумораи сайёҳон аз он дарак медиҳад, ки давоми чанд соли охир дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе хизматрасонӣ ба сайёҳон дар сатҳи баланд қарор дошта, ба рушди ин соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Боиси ифтихор аст, ки ҳоло пойтахти тоҷикон бо боғу бӯстон ва кӯчаву хиёбонҳои хурраму гулпӯш, биноҳои хуштарҳу замонавӣ, фазои орому осуда, марказҳои мухталифи хизматрасонӣ, меҳмонхонаҳои сатҳи баланд ба макони писандидаи сайёҳони дохиливу хориҷӣ табдил ёфтааст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 6, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид