ҶДММ «Ганҷи Панҷ» дар як сол имкони қабул ва коркарди то 20 ҳазор тонна пахтаро дорад

Август 3, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 03.08.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Дар ноҳияи Панҷ корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ганҷи Панҷ» фаъолият мекунад, ки дар як сол имкон дорад то 20 ҳазор тонна пахтаро қабул ва коркард кунад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Ин корхона ҳосили пахтаи ноҳияи Панҷ ва дигар ноҳияҳои ин минтақаро қабул менамояд. Инчунин корхона пахтаро барои коркард омода месозад. Бо мақсади мутобиқ намудани иқтидори истеҳсолӣ ба талаботи рӯз соли 2026 корхона навсозӣ карда шуд.

Рушди саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта яке аз самтҳои муҳими сиёсати саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад. Таъсиси чунин корхонаҳо барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, баланд бардоштани арзиши иловагии ашёи хом ва рушди иқтисодиёти минтақа нақши муҳим дорад.

Хоҷагии деҳқонии «Тағойбобо»-и ноҳияи Панҷ, ки соли 2009 таъсис ёфтааст, дорои  3,37 гектар замин мебошад. Дар 2,17 гектар пунбадона,  дар 0,60 гектар полезӣ, дар 0,40 гектар сабзӣ ва дар 0,20 гектар ҷуворимакка барои дон кишт карда шудааст. Ин тарзи истифодаи оқилонаи замин имкон медиҳад, ки аз ҳар қитъа самаранок истифода бурда шуда, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёбад.

Истифодаи самараноки замин, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва риояи қоидаҳои агротехникӣ омилҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори соҳа ба ҳисоб мераванд.

Бо мақсади таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Панҷ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 сохтмони бинои иловагӣ идома дорад. Бинои нави таълимӣ бо ташаббус ва саҳми сокинони маҳал бунёд гардида, барои фароҳам овардани шароити беҳтари таҳсил ва бартараф намудани норасоии синфхонаҳо пешбинӣ шудааст.

Тибқи лоиҳа, бинои иловагӣ аз ду ошёна ва 8 синфхона иборат буда, барои 384 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Арзиши умумии корҳои сохтмонӣ 1 миллиону 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ҳисоби саҳми сокинони маҳаллӣ таъмин гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ босуръат идома дошта, то имрӯз сохтмони ошёнаи якум пурра ба анҷом расидааст. Сохтмони ошёнаи дуюм идома дошта, барои бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраршуда ба истифода супоридани иншоот тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ҳамчунин дар ноҳия мумфаршкунӣ ва навсозии роҳи дорои аҳамияти маҳаллии деҳаи Кабутоб ба  масофаи 2 километр идома дорад. Навсозии роҳи мазкур бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ ва саҳми фаъоли сокинони деҳа амалӣ гардида, ҳадафи он беҳтар намудани шароити ҳаракати нақлиёт, осон намудани рафтуомади аҳолӣ ва рушди инфрасохтори деҳа мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Август 3, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Фаъолияти босамари корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Панҷакент ба рушди саноат нигаронида шудааст
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст