Доир ба нақши Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ҳифзи арзишҳои он ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 10.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 август дар ноҳияи Дӯстӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши истиқлолият дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими худшиносии шаҳрвандон» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҳамоиши ҷумҳуриявӣ дар дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба таҷлили сазовори ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тарғиби шоистаи дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ баргузор шуд. Дар оғоз филми мустанад доир ба корнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид.
Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода гуфт, ки истиқлолияти давлатӣ яке аз дастовардҳои муҳими Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, маҳз бо талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем, ки сулҳу суботи комилро нигоҳ дошта, пешрафти босуръати мамлакатро таъмин намоем
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам иброз намуд, ки истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик оғози марҳилаи нави давлатсозӣ ва худшиносии миллӣ гардид.
«Имрӯз бо шарофати соҳибистиқлолӣ арзишҳои асили миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ, фарҳанг, таърих, ойину суннатҳои мардумӣ ва мероси гаронбаҳои ниёгон ҳифз ва густариш ёфта, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар ҷомеа таҳким меёбад. Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди мамлакат мебошад. Танҳо тавассути баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ метавон дастовардҳои даврони истиқлолро ҳифз намуда, барои рушди устувори Тоҷикистон заминаи боз ҳам мустаҳкам фароҳам овард»,- афзуд Рудобаи Мукаррам.
Баргузории чунин ҳамоишҳо ба таҳкими ваҳдати миллӣ, боло бурдани эҳсоси худшиносӣ ва худогоҳии шаҳрвандон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими эҳсоси масъулият дар назди давлату ҷомеа мусоидат менамояд.
АКС: Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон








Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд






