Доир ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё форуми байналмилалӣ баргузор мешавад

Август 15, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 15.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27-28 августи соли 2026 дар шаҳрҳои Гулистон ва Хуҷанди вилояти Суғд таҳти унвони «Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё» Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Форум бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва иштироки роҳбарони минтақаҳои озод ва махсуси иқтисодии давлатҳои хориҷӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилоти байналмилалӣ ва институтҳои рушд, доираҳои соҳибкорӣ, сармоягузорон ва коршиносон гузаронида мешавад.

Ҳадафи асосии форум фароҳам овардани майдони байналмилалӣ барои мубодилаи таҷриба дар самти рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ, баррасии механизмҳои муосири ҷалби сармоя, рушди кооператсияи саноатӣ, савдо ва таҳкими ҳамкории байналмилалии иқтисодӣ мебошад.

Зимни форум ба татбиқи технологияҳои рақамӣ ва механизми «Равзанаи ягона», баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории минтақаҳои озоди иқтисодӣ, мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ ва рушди робитаҳои мустақими соҳибкорӣ таваҷҷуҳи махсус равона мегардад.

Дар доираи форум баргузории ҷаласаҳои пленарӣ ва панелӣ, муаррифии имконоти сармоягузорӣ, вохӯриҳои B2B, намоиши маҳсулоти корхонаҳои субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва вилояти Суғд, инчунин шиносоӣ бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба нақша гирифта шудааст.

 АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 15, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд