Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад

Август 7, 2026 10:21

ДУШАНБЕ, 07.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи якуми соли равон донишкада бо се донишгоҳи Узбекистон- Донишгоҳи давлатии техникии Фарғона, Донишгоҳи давлатии техникии Бухоро ва  Донишгоҳи илмҳои геологии Ҷумҳурии Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.  Дар ин хусус 5 август Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Давлат Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Давлат Давлатзода изҳор дошт, ки имрӯз донишкада бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷи дуру наздик созишномаҳои гуногун ба имзо расонидааст. Шартномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмию таълимии Русия, Украина, Беларус, Қазоқистон,  Қирғизистон, Словения, Португалия, Молдова, Чин, Латвия, Словения, Тайван ва Узбекистон ба имзо расидаанд.

Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар назди кафедраҳои донишкада 15 маҳфили илмӣ-амалии доимӣ барои донишҷӯён, аз ҷумла  «Суханвар», «Энергетикони ҷавон», «Эколог-муҳандис», «Иқтисодчии муосир», «Навовар», «Кӯҳкани ҷавон», «Дӯстдорони автомобил», «Металлургия аз нигоҳи ҷавонон», «Ганҷи хирад», «Химикони ҷавон», «Нафтчӣ» ва «Ганҷшинос» фаъолият дорад. Дар маҳфилҳо донишҷӯёни болаёқат ба корҳои пажӯҳишӣ ҷалб шуда, аз натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотияшон дар доираи маҳфил гузориш медиҳанд.

Соли равон дар донишгоҳ ду озмоишгоҳи нави илмӣ-таълимӣ ва таҳқиқотии мониторинги муҳити атроф ва равшанкунии барқӣ ба истифода дода шуд.

АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Август 7, 2026 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд