Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид

Август 20, 2026 13:24

ДУШАНБЕ, 20.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд дар мулоқоти Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода бо директори гурӯҳи Департаменти Осиёи Марказӣ, Ғарбӣ ва Шарқӣ, Дафтари бахши рушди инсонӣ ва иҷтимоии Департаменти гурӯҳҳои соҳавии Бонки Осиёии Рушд хонум София Шакил дар Душанбе баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои сайёҳӣ, рушди малакаҳои рақамӣ, дипломатияи рақамӣ, рушди ифрасохтор, инчунин имконияти тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ табодули афкор намуданд.

Ҳамзамон вазъи кунунии ҳамкорӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, саҳми Бонки Осиёии Рушд дар таҳкими инфрасохтори таълимӣ, фароҳам овардани шароити муосири омӯзиши касбӣ, баланд бардоштани малакаҳои амалии ҷавонон ва мутобиқ намудани омодасозии кадрҳо ба талаботи бозори меҳнат муҳим арзёбӣ гардид.

Убайдулло Асрорзода саҳми Бонки Осиёии Рушдро дар рушди таҳсилоти касбӣ ва омодасозии кадрҳои рақобатпазир муҳим арзёбӣ намуда, омодагии донишгоҳро барои таҳким ва тавсеаи ҳамкории минбаъда, аз ҷумла дар самтҳои рушди малакаҳои касбӣ, татбиқи технологияҳои муосири таълимӣ, рақамикунонӣ ва баланд бардоштани имконияти шуғли хатмкунандагон изҳор намуд.

Меҳмонон аз пойгоҳи моддию техникии омодасозии кадрҳои баландихтисос ва Маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонии донишгоҳ боздид намуда, бо шароити фароҳамгардида, инфрасохтори муосири таълимию амалӣ ва имконияти касбомӯзӣ аз наздик шинос шуда, ба фаъолияти марказ ва сатҳи ташкили он баҳои баланд доданд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Август 20, 2026 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд