«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 05.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 авуст дар ноҳияи Варзоб таҳти унвони ««Эъломияи ҳуқуқи башар»-и Куруши Кабир ва тарғиби масъалаҳои ҳамзистии осоишта дар он» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам иброз дошт, ки «Эъломияи ҳуқуқи башар»-и Куруши Кабир аз муҳимтарин осори тамаддуни башарӣ буда, дар он арзишҳои инсондӯстӣ, таҳаммулгароӣ, эҳтиром ба озодии инсон ва адолат таҷассум ёфтаанд.
Омӯзиш ва муаррифии чунин мероси ғании таърихӣ барои таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ аҳаммияти калон дорад. Сиёсати сулҳпарваронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идомаи мантиқии ҳамин арзишҳои таърихӣ буда, барои таҳкими сулҳу ваҳдат ва ҳамзистии осоишта заминаи устувор фароҳам овардааст.
Дар ҷараёни ҳамоиш Раиси ноҳияи Варзоб Хусрав Дамонзода гуфт, ки баргузории чунин ҳамоишҳо барои баланд бардоштани маърифати таърихӣ ва ҳуқуқии ҷомеа, таҳкими худшиносии миллӣ ва тарғиби арзишҳои инсонпарварона аҳаммияти бузург дорад. Мероси Куруши Кабир на танҳо бахше аз таърихи тамаддуни башар, балки намунаи арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳамзистии осоишта мебошад.
Иштирокчиён доир ба аҳаммияти таърихию фарҳангии Эъломияи Куруши Кабир, арзишҳои башардӯстонаи дар он таҷассумёфта ва нақши онҳо дар таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулгароӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






