Эмомалӣ Раҳмон: «29 ҳазор хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо квотаи президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд»
ДУШАНБЕ, 31.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 1997 қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат тибқи квотаи президентӣ мебошад. Дар ин муддат аз 61 шаҳру ноҳия ба 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 29 ҳазор хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо квотаи президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногун муваффақона фаъолият доранд. Ин матлабро имрӯз зимни суханронӣ бахшида ба оғози соли нави хониш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баён доштанд.
Сарвари давлат иброз намуданд, ки мақсади асосии квотаи президентӣ дастгирӣ ва ҷалби духтарону писарони деҳоти дурдасти шаҳру ноҳияҳо ва бо мутахассисони баландихтисос таъмин намудани чунин минтақаҳо мебошад.
Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз иқдомҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, ҳадафи он фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонони лаёқатманд, махсусан хатмкунандагони муассисаҳои таълимии деҳаҳои дурдаст ва минтақаҳои кӯҳистони мамлакат мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат соли 1997 дар Анҷумани сеюми Иттиҳоди занон пешниҳод намуданд, ки барои таҳсили духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат квотаи махсус ҷудо шавад.
Тибқи дастури Сарвари давлат нафароне бояд ба тариқи квотаи президентӣ донишҷӯ шаванд, ки дониши хуб, рафтори намунавӣ ва майлу рағбати беандоза ба касби интихобшуда дошта бошанд. Инак, 29 сол мешавад, ки бо ҳадафи дастгирии духтарону писарони деҳоти дурдасти мамлакат озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.
Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 марти соли 2025 зимни мулоқот бо занону духтарон бахшида ба Рӯзи Модар иброз доштанд, «танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм намудаанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор духтарон баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти олӣ соҳиби маълумоти олӣ ва касбу ҳунар гардиданд. Яъне, шумораи духтарону занони соҳиби маълумоти олӣ нисбат ба давраи қабл аз истиқлол қариб чор баробар афзудааст».
Ин иқдом дар омода намудани мутахассисони соҳибкасб ва таъмини соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ бо кадрҳои баландихтисос нақши муҳим дорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон /АМИТ «Ховар»








Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст






