ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти вилояти Хатлон панелҳои офтобӣ насб карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 13.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус насби панелҳои офтобӣ дар хонаҳои истиқоматӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншоот вусъати тоза гирифтааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ин иқдом дар доираи татбиқи сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди энергияи «сабз», баланд бардоштани самаранокии истифодаи неруи барқ ва амалинамоии технологияҳои пешрафтаи каммасраф мусоидат менамояд.
Яке аз намунаҳои қобили таваҷҷуҳ дар ин самт таҷрибаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Комбинати хӯрокворӣ»-и шаҳри Бохтар мебошад. Дар айни замон дар ҳудуди корхона 500 панели офтобӣ бо иқтидори 250 кВт ва дастгоҳҳои захиракунандаи энергия бо иқтидори 800 кВт насб шуда, имкон медиҳанд, ки талаботи корхона ба неруи барқ таъмин гардад. Насби панелҳои офтобӣ ба таъмини фаъолияти мунтазами хатҳои истеҳсолӣ, коҳиш додани вобастагӣ ба шабакаҳои умумии барқ ва сарфаи хароҷоти истеҳсолӣ мусоидат менамояд.
Соҳибкорон аз натиҷаи истифодаи энергияи офтобӣ қаноатманд буда, онро яке аз роҳҳои самараноки таъмини устувори фаъолияти истеҳсолӣ арзёбӣ менамоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд






