Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
САНГВОР, 28.08.2026. /АМИТ «Ховар»/. 26 август Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар Ҷамоати деҳоти Заршӯёни ноҳияи Сангвор бо интихобкунандагон вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор иттилоъ доданд.
Файзалӣ Идизода сокинони Ҷамоати деҳоти Заршӯёни ноҳияи Сангворро бо ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик гуфта, онҳоро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон даъват намуд.
Вакили мардумӣ иброз дошт, ки «Истиқлоли давлатӣ барои мо имкони беназири таърихӣ фароҳам овард, ки таҳти сарварии оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро ба давлати ободу шукуфон табдил диҳем. Ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлат дар бахши об ва иқлим имрӯз Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун давлати пешоҳанги ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва ташаббускор муаррифӣ мекунанд. Бо ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо қабули қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид дар ду соли охир аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 2025», Даҳсолаи амалиёт барои илмҳои пиряхшиносӣ (2025–2034) ва «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027-2036)» эълон гардиданд».
Конфронси нахустини сатҳи баланди «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 2025» ва Даҳсолаи амалиёт барои илмҳои пиряхшиносӣ (2025–2034) дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Ин иқдомҳои глобалӣ на танҳо обрӯю нуфузи Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ боло мебаранд, балки нишон доданд, ки кишвари мо дар татбиқу ҳифзи сулҳ, иқлим ва рушди ҳуқуқии башарият нақши муҳим дорад.
Дар вохӯрӣ интихобкунандагон ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саволҳо оид ба ҳалли масъалаҳои муҳими инфрасохтори маҳаллӣ, аз ҷумла беҳтар кардани ҳолати роҳҳо, таъмини оби нӯшокӣ ва дигар масъалаҳои муҳим муроҷиат намуданд. Вакили халқ ба ҳар савол ва дархости сокинон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, фикру ақида ва роҳҳои ҳалли ҳуқуқию амалии онҳоро баён дошт. Таъкид гардид, ки тамоми пешниҳодҳо зери назорати қатъӣ гирифта ва барои баррасӣ ба мақомоти дахлдор расонида мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор








Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон






