«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 24.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 август дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» («Dushanbe Summer Fest») бо барномаи рангини фарҳангиву фароғатӣ ва консерти бошукуҳ ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Фестивал 22–23 августи соли 2026 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бозоршинос» баргузор гардид.
Давоми ду рӯзи баргузории фестивал ҳазорон сокинону меҳмонони пойтахт, инчунин сайёҳони хориҷӣ аз барномаи гуногуни фарҳангиву фароғатии он баҳравар шуданд.
Рӯзи дуюми фестивал низ бо баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва фароғатӣ гузашт. Дар ҳудуди «Наврӯзгоҳ» намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, таом ва хӯришҳои миллӣ, шириниҳо ва нӯшокиҳои гуногун ташкил шуда, ба иштирокчиён бозиҳои варзишиву зеҳнӣ, озмуну викторинаҳо, намоишҳои театриву сиркӣ, сайру гашт тавассути асп ва дигар чорабиниҳои шавқовар пешниҳод гардиданд.
Дар қисми консертии рӯзи ҷамъбастӣ сарояндагони маъруфи мамлакат ва хориҷӣ ҳунарнамоӣ намуда, бо суруду оҳангҳои машҳури худ ба иштирокчиёни фестивал хотири болида бахшиданд.
Дар ҷараёни фестивал ҳамчунин аз ҷониби сарпарастон бозиҳои бурднок ва озмунҳо ташкил карда шуданд.
Бо анҷоми барномаи бошукуҳи консертӣ ва баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву фароғатӣ «Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» ба анҷом расид.
Бояд гуфт, ки «Фестивали тобистонаи Душанбе» солҳои қабл низ ҳамчун яке аз чорабиниҳои фарҳангиву фароғатии маъруфи пойтахт баргузор гардида, сокинону меҳмонони зиёдеро ба ҳам овардааст. Фестивал қаблан бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе се маротиба — солҳои 2018, 2019 (аз ҷониби ҶДММ «Rooyo Production») ва 2021 баргузор шуда буд.
АКС: Раёсати рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд






