«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид

Август 23, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 23.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 август дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе бо иштироки сокинону меҳмонони пойтахт ва сайёҳони хориҷӣ «Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» («Dushanbe Summer Fest – 2026») оғоз гардид, ки имрӯз, 23 август низ идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Фестивал бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бозоршинос» гузаронида мешавад.

Ҳадаф аз баргузории фестивал рушди соҳаи сайёҳӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳату фароғат барои сокинону меҳмонони пойтахт, ҷалби сайёҳони хориҷӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳию фарҳангии шаҳри Душанбе ва дастгирии ташаббусҳои бахши хусусӣ мебошад.

Дар рӯзи аввали фестивал дар ҳудуди «Наврӯзгоҳ» барномаи гуногуни фарҳангӣ, фароғатӣ ва сайёҳӣ доир гардид. Меҳмонон аз намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, таом ва хӯришҳои миллӣ ва байналмилалӣ, шириниҳою нӯшокиҳои гуногун, бозиҳои варзишиву зеҳнӣ, озмуну викторинаҳо, намоишҳои театриву сиркӣ, сайру гашт тавассути асп ва дигар барномаҳои фароғатӣ баҳравар шуданд.

Барномаи асосии фестивал бо суханронии муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода оғоз ёфта, зимни он аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳо дар рушди сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт ва ҷалби бештари меҳмонону сайёҳон таъкид гардид.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо барномаи консертӣ идома ёфт. Дар он сарояндагони маъруфи эстрадаи тоҷик ва хориҷӣ бо иҷрои сурудҳои машҳур ба иштирокчиёни фестивал руҳияи идона бахшиданд.

««Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» яке аз чорабиниҳои муҳими фарҳангиву фароғатӣ буда, барои муаррифии фарҳанги миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, имкониятҳои сайёҳӣ ва рушди хизматрасонӣ дар пойтахт замина фароҳам меорад», — шарҳ доданд аз Раёсати рушди сайёҳии пойтахт

Барномаи фестивал 23 август низ дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» идома ёфта, барои сокинону меҳмонон барномаи рангини фарҳангиву фароғатӣ ва консерти бошукӯҳ бо иштироки ҳунармандони маъруфи эстрадаи тоҷик ва хориҷӣ пешниҳод мегардад.

Ёдовар мешавем, ки «Фестивали тобистонаи Душанбе» солҳои қабл низ ҳамчун яке аз чорабиниҳои маъруфи фарҳангиву фароғатии пойтахт баргузор шуда, сокинону меҳмонони зиёдеро ба ҳам овардааст. Он қаблан бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе солҳои 2018, 2019 ва 2021 баргузор гардида буд.

АКС: Раёсати рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Август 23, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд