Хадамоти алоқа: «Аз харидорӣ, насб ва истифодаи худсаронаи репитерҳои ғайристандартӣ ва бе танзими касбӣ худдорӣ намоед»
ДУШАНБЕ, 10.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2026 мутахассисони Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 123 истгоҳи базавии операторони алоқаи мобилӣ радиохалалҳоро ошкор ва бартараф намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин хадамот хабар доданд, санҷишҳои гузаронида нишон медиҳанд, ки моҳҳои охир ҳолатҳои насб ва истифодаи нодуруст ё ғайриқонунии репитерҳо (тақвиятдиҳандаҳои сигнали алоқаи мобилӣ) афзоиш ёфтааст. Ба иттилои манбаъ, истифодаи худсаронаи репитерҳо, махсусан таҷҳизоти ғайристандартӣ ва нодуруст танзимшуда метавонад ба фаъолияти муътадили шабакаҳои алоқаи мобилӣ халал расонад.
Репитери нодуруст насбшуда метавонад дар басомадҳои истифодашавандаи операторони мобилӣ интерференсия ба вуҷуд оварда, боиси паст гардидани сифати зангҳои телефонӣ, коҳиш ёфтани суръати интернет, қатъшавии пайвастшавӣ ва дар маҷмуъ бад шудани сифати хизматрасонӣ барои муштариёни минтақа гардад.
Истифодаи таҷҳизоти ғайристандартӣ ба фаъолияти истгоҳҳои базавии операторони мобилӣ таъсири манфӣ расонида, сатҳи радиохалалҳоро зиёд менамояд. Дар баъзе ҳолатҳо чунин халалҳо метавонанд ба фаъолияти дигар воситаҳо ва системаҳои радиоэлектронӣ низ таъсир расонанд.
Бояд гуфт, ки истифодаи спектри радиобасомадҳо тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи алоқа ба танзим дароварда мешавад. Аз ин рӯ, насб ва истифодаи таҷҳизоти радиоэлектронӣ бояд бо риояи талаботи техникию ҳуқуқии муқарраргардида анҷом дода шавад.
Ҳангоми ба вуҷуд омадани радиохалалҳо мутахассисон барои муайян намудани манбаи он ченкуниҳои махсус анҷом дода, барои бартараф намудани сабабҳои халал тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон шаҳрвандонро даъват менамояд, ки аз харидорӣ, насб ва истифодаи худсаронаи репитерҳои номаълум, ғайристандартӣ ва бе танзими касбӣ худдорӣ намоянд.
Дар ҳолати ошкор гардидани фурӯш, насб ё истифодаи ғайриқонунии чунин таҷҳизот нисбат ба шахсони воқеӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои дахлдори маъмурӣ андешида мешаванд.
Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар ҳолати паст гардидани сатҳ ва сифати алоқаи мобилӣ ё интернет ба оператори мобилии хизматрасон муроҷиат намоянд.
Хадамоти алоқа таъкид менамояд, ки истифодаи репитер танҳо дар ҳолате бояд анҷом дода шавад, ки таҷҳизот ба талаботи техникии муқарраргардида ҷавобгӯ бошад. Насбу танзими он тибқи тартиби муайяншуда бояд аз ҷониби мутахассисони соҳибихтисос анҷом дода шавад.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад






