Хати магистралии алоқаи «Душанбе–Хоруғ–Қулма» то охири моҳи сентябр ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 19.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалишавии «Стратегияи рушди соҳаи алоқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» сохтмони хати магистралии алоқаи нахию оптикии «Душанбе – Хоруғ – Қулма» ба масофаи 1010 километр идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
То имрӯз беш аз 38 километр кабели оптикӣ кашида шуда, 2500 симчӯб, ки махсус барои истифода ба шароити иқлими сарди Мурғоб мутобиқ карда шудаанд, насб гардиданд.
Дар қитъа аз гузаргоҳи сарҳадии давлатии «Қулма» то ҳудуди Субаш марҳилаи асосии сохтмон ба охир расида, дар минтақаи аҳолинишини Ҷилондӣ пойгоҳи зарурӣ ва техникию моддӣ захира шудааст.
Лоиҳа аз ҷониби оператори миллии алоқа–Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» татбиқ гардида, ба мустаҳкам намудани соҳибихтиёрии рақамии мамлакат, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ ва тавсеаи иқтидори транзити байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Лоиҳа барои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аҳамияти муҳим дорад. Аҳолии ноҳияҳои баландкӯҳ ва деҳаҳои дурдасти воқеъ дар масири ин хат метавонанд ба интернети баландсуръат, хизматрасониҳои ҳукумати рақамӣ, таҳсили фосилавӣ, телетиб ва хизматрасониҳои молиявии рақамӣ дастрасӣ пайдо кунанд. Ин раванд барои рушди соҳибкории маҳаллӣ ва сайёҳӣ низ имконияти бештар фароҳам меорад.
Бунёди лоиҳа соли 2025 оғоз гардида, дар марҳилаҳои якум ва дуюм корҳои пайвасткунӣ пурра ба анҷом расидаанд. Дар айни замон шабакаи магистралии баландсуръат то шаҳри Хоруғ фаъол буда, мавриди истифода қарор дорад.
Тибқи нақша, хати магистралии байналмилалӣ ва нуқтаи нави пайвастшавӣ ба шабакаҳои байналмилалӣ то охири моҳи сентябри соли 2026 пурра ба истифода дода мешаванд.
Баъди ба истифода додан ин хати магистралӣ панҷумин нуқтаи байналмилалии алоқаи Тоҷикистон мегардад. Нуқтаи нави пайвастшавӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин имкон медиҳад, ки барои шабакаи миллии интернетӣ роҳи захиравӣ ба вуҷуд омада, устуворӣ ва эътимоднокии алоқа баланд бардошта шавад. Ҳамзамон суръати интиқоли маълумот беҳтар ва имконияти истифодаи каналҳои байналмилалӣ зиёд мегардад.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






