Хонандагони фаъоли пойтахт дар истироҳатгоҳи тобистонаи беруназшаҳрии «Шарора» таътили босамар мегузаронанд

Август 7, 2026 11:35

ДУШАНБЕ, 07.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 6 то 15 августи соли 2026 аъзои фаъоли Созмони хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар истироҳатгоҳи тобистонаи беруназшаҳрии «Шарора», воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба  истироҳату омӯзиш фаро гирифта мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Истироҳатгоҳи тобистонаи беруназшаҳрӣ бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2026» аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ташкил карда мешавад.

Дар доираи барномаи истироҳатгоҳ барои 200 иштирокчӣ баргузории тренингҳои омӯзишӣ, озмуну викторинаҳо, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, инчунин чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ бо иштироки шоирону нависандагон ва чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои илму санъат ба нақша гирифта шудааст.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Август 7, 2026 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд