Хонандагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии муҳандисӣ-кайҳонӣ сазовори ҷойи дуюм шуданд

Август 20, 2026 11:12

ДУШАНБЕ, 20.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 13 то 18 августи соли 2026 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин Олимпиадаи байналмилалии муҳандисӣ-кайҳонии Global Future Space Scholars Meet — GFSSM 2026 баргузор гардид, ки дар он хонандагони Литсейи инноватсионии «Ҷавонӣ»-и шаҳри Хуҷанд аз рӯйи 3 бахш ғолиб омада, мақоми дуюмро соҳиб гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, дастаи хонандагони Литсейи инноватсионии «Ҷавонӣ» ҳамчунин дар номинатсияи «Беҳтарин даста дар самти муҳандисӣ» ғолиб дониста шуда, бо Ҷоми махсуси олимпиада қадрдонӣ карда шуд. Олимпида бо забони англисӣ доир шуда, дар баробари донистани фанҳои дақиқ ҳамчунин хуб донистани забони англисиро талаб мекунад.

Дар олимпиада 50 намояндаи давлатҳои гуногуни ҷаҳон иштирок намуда, аз рӯи самтҳои физика, астрофизика, илмҳои кайҳонӣ, муҳандисӣ ва технологияҳои муосир дониш, тафаккури илмӣ ва маҳорат санҷиданд.

Олимпиадаи ҷаҳонии муҳандисӣ — кайҳонӣ GFSSM 2026 майдони бузурги илм, физика, астрофизика, муҳандисӣ, технология ва кайҳон маҳсуб мешавад. Дар он иштирокчиён дар бахши назариявӣ, ҳалли мисолу масъалаҳо ва омодасозии лоиҳаи муҳандисӣ дониш месанҷанд.

Олимпиадаи ҷаҳонии муҳандисӣ- кайҳонии GFSSM 2026 бо ташаббус ва ҳамкории сохторҳои бонуфузи байналмилалии соҳаи кайҳон, аз ҷумла Бунёди кайҳонии Чин, Бунёди кайҳонии ИМА, Академияи миллии кайҳонии Британияи Кабир
давоми 8 сол аст, ки баргузор мегардад.
Идораи миллии аэронавтика ва фазои кайҳонии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (NASA), Идораи миллии кайҳонии Чин (CNSA) ва Корпоратсияи давлатии фаъолияти кайҳонии Федератсияи Русия (Роскосмос) шарикони ҳамкори ин олимпиада маҳсуб мешаванд.

Тоҷикистон бори аввал вориди майдони GFSSM гардида, нахустин иштирокашро бо мақоми дуюм ва Ҷоми «Беҳтарин даста» ҷамъбаст намуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Хуҷанд

Август 20, 2026 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад