Хонандагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи сеюми байналмилалӣ аз фанни зеҳни сунъӣ ду медал ба даст оварданд

Август 10, 2026 11:30

ДУШАНБЕ, 10.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 8 августи соли 2026 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Олимпиадаи сеюми байналмилалӣ аз фанни зеҳни сунъӣ — International Olympiad in Artificial Intelligence (IOAI-2026) баргузор гардид, ки дар он хонандагони тоҷик ду медал ба даст оварданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин олимпиадаи бонуфуз беш аз 500 хонандаи болаёқат аз 106 давлати дунё иштирок намуда, дар самтҳои муосири зеҳни сунъӣ, омӯзиши мошинӣ, таҳияи моделҳои рақамӣ, ҳалли масъалаҳои алгоритмӣ ва барномасозии роботҳои худмухтор донишу маҳорат санҷиданд.

Олимпиадаи байналмилалии зеҳни сунъӣ яке аз мусобиқаҳои сатҳи баланди илмӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ба ҳисоб рафта, таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг — ЮНЕСКО баргузор гардид.
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар расми ифтитоҳи олимпиада иштирок ва суханронӣ намуд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ чор хонандаи болаёқат, аз ҷумла, хонандаи синфи 10-уми муассисаи таълимии ба номи Абдуфаттоҳ Ҳотамов Синан Кандиков, хонандаи синфи 10-уми муассисаи таълимии ба номи Абдуфаттоҳ Ҳотамов Диловар Икромов, хонандаи синфи 10-уми Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарангис Ҳаётова ва хатмкардаи Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродҷон Хайраков намояндагӣ карданд.

Хонандагони тоҷик дар рақобат бо беҳтарин наврасони ҷаҳон донишу маҳорати баланд нишон дода, дар маҷмуъ соҳиби ду медал гардиданд. Ин дастовард барои дастаи Тоҷикистон, ки бори аввал дар Олимпиадаи байналмилалии зеҳни сунъӣ иштирок намуд, натиҷаи назаррас ва боифтихор ба ҳисоб меравад.

Натиҷаи бадастомада аз имконияти баланди зеҳнии наврасони тоҷик шаҳодат дода, самараи тадбирҳои андешида дар самти рушди таҳсилоти рақамӣ, омӯзиши технологияҳои муосир ва дастгирии хонандагони болаёқат мебошад.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 10, 2026 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд
Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 842 ҳазор китоби дарсии «Забони русӣ» ворид гардид