«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Малакаи котибони озмун барои кор бо портали электронӣ такмил дода мешавад
ДУШАНБЕ, 10.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имсол ба низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» тағйирот ворид гардида, дар он портали электронӣ таъсис дода шуд. Бо мақсади такмили малакаи кор бо портали электронӣ барои котибони масъули комиссияҳои қабули ҳуҷҷатҳои довталабон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз гардид, ки портали электронӣ бо мақсади шаффофият ва дақиқияти холҳои бадастовардаи ғолибони озмун таъсис дода шуд.
Ба иштирокчиён тартиби бақайдгирии довталабон, ворид намудани маълумот, қабулу санҷиши ҳуҷҷатҳои зарурӣ, истифодаи дурусти имконияти портали электронӣ ва талабот марбут ба ҳуҷҷатгузории иштирокчиёни озмун ба таври муфассал шарҳ дода шуд.
Ҳамчунин ба директорони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳру ноҳияҳо оид ба дуруст ва сари вақт ворид намудани маълумот, риояи талаботи ҳуҷҷатгузорӣ, пешгирии хатоиҳо ҳангоми бақайдгирӣ ва масъулияти шахсони масъул ҳангоми кор бо портали электронӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод гардид.
Инчунин масъалаҳои дуруст ба роҳ мондани раванди қабули ҳуҷҷатҳо, санҷиши маълумоти воридшаванда ва таъмини ҳамоҳангии фаъолияти комиссияҳои қабул баррасӣ шуданд.
Таҷрибаҳои қаблии баргузории озмун нишон медиҳанд, ки баъзе довталабон бар хилофи низомнома такроран хоҳиши иштирок кардан доранд. Барномаи мазкур ин гуна ҳолатҳоро муайян ва пешгирӣ менамояд.
Таъсиси портали электронӣ ҳамзамон ба пешниҳоди якхелаи ҳуҷҷатҳои довталабон ва муаррифии онҳо мусоидат менамояд. Ин иқдом барои рақамикунонии озмуни мазкур дар оянда махзани пурраи маълумот мебошад.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз 1 январи соли 2026 тасдиқ гардид.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд






