Имрӯз дар боғҳои пойтахт рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Варзоб ва Муъминобод баргузор мегарданд

Август 9, 2026 10:03

ДУШАНБЕ, 09.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Варзоб ва Муъминобод баргузор мегарданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 9 август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Рӯзи фарҳанги ноҳияи Муъминобод, дар Боғи кӯдакон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Варзоб ва дар Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» Рӯзи фарҳанги шаҳри Роғун доир мегардад.

Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои мамлакат тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, аз моҳи июн то моҳи августи соли 2026 мутобиқи нақшаи алоҳида баргузор мешаванд.

АКС аз бойгонӣ

Август 9, 2026 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз мегардад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб