Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад

Август 7, 2026 08:10

ДУШАНБЕ, 07.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мамлакат ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар Душанбе то 37 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 3+8 дараҷа ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 дараҷа ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 17+22 дараҷа ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17 дараҷа гарм ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 22+24 дараҷа гарм ва рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад.

Август 7, 2026 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад