Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд

Август 29, 2026 08:22

ДУШАНБЕ, 29.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ин рӯз меҳмонон ва сокинони пойтахт метавонанд намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои ороишӣ-амалӣ, чакандӯзӣ, кандакорӣ, қолинбофӣ, кулолгарӣ ва дигар навъҳои ҳунарҳои суннатии мардуми Хатлонро тамошо намоянд. Инчунин бо маҳсулоти истеҳсолкунандагони маҳаллии минтақаҳо шинос шаванд.

Ҳадафи асосии ин ташаббус танҳо баргузории чорабиниҳои идона набуда, балки таҳкими фазои ягонаи фарҳангии мамлакат мебошад. Он ҳамчунин  барои муаррифии дастовардҳо дар соҳаҳои фарҳанг, ҳунарҳои мардумӣ, санъат ва соҳибкорӣ фурсати муносиб мебошад.

Ёдовар мешавем, ки намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои соҳаҳои вилоят ва таомҳои миллӣ аз соати 08:00 ва барномаҳои рангини фарҳангию фароғатӣ аз соати 18:00 оғоз мегарданд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 29, 2026 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа