Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 19.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мамлакат ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар шаҳри Душанбе то 39 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15+20 дараҷа ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 5+10 дараҷа ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 дараҷа ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 дараҷа ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 17+22 дараҷа ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17 дараҷа ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5+10 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 21+23 дараҷа гарм ва рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






