Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад

Август 3, 2026 08:10

ДУШАНБЕ, 03.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар шаҳри Душанбе то 37+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 дараҷа гарм ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 11+16 дараҷа гарм ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 25+30 дараҷа гарм ва рӯзона 39+44 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 19+24 дараҷа гарм ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 дараҷа гарм, рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 14+19 дараҷа ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 26+28 дараҷа ва рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.

Август 3, 2026 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт