Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 09.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мамлакат ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо то 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, дар ғарби вилоят бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 5+10 дараҷа ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 дараҷа ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 дараҷа гарм ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 18+23 дараҷа ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо асосан ҳавои бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17 дараҷа гарм ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво шабона 22+24 дараҷа гарм ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






