Имрӯз парвози мустақим дар хатсайри Душанбе–Минск оғоз гардид

Август 29, 2026 08:40

ДУШАНБЕ, 29.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 август дар арафаи таҷлили ҷашни  35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» парвози мустақимро дар хатсайри Душанбе–Минск оғоз намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз  Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ифтитоҳи парвози мустақим дар ин самт қадами муҳим дар таҳкими робитаҳои гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус ба ҳисоб рафта, барои рушди муносибатҳои байнидавлатӣ, хусусан дар соҳаҳои  иқтисоду  тиҷорат, сайёҳӣ, фарҳанг ва таъмини  шароити мусоиду муосири  рафтуомади бемонеаи шаҳрвандони ду мамлакат ниҳоят муҳим мебошад.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар аввали моҳи августи соли ҷорӣ ба парки ҳавопаймоии ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» ҳавопаймои муосири навъи Boeing 737-8 MAX ворид гардид. Тибқи нақша, моҳи сентябри соли 2026 ворид намудани як ҳавопаймои дигари навъи Boeing 737-8 MAX низ дар назар дошта шудааст. Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр  дар оянда бо мақсади рушди минбаъда ва боз ҳам бештар  гардондани парвозҳо дар хатсайрҳои байналмилалӣ  нақша дорад, ки тариқи ҳавопаймоҳои мазкур  дар як қатор самтҳои нави байналмилалӣ, аз ҷумла хатсайрҳои Душанбе–Сеул, Душанбе–Пекин ва Душанбе–Лондон парвозҳоро анҷом диҳад. Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ ҷиҳати рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва роҳандозии хатсайрҳои нави ҳавоӣ бо кишварҳои хориҷӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, дар  таҳкими мавқеи Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои имкониятҳои васеи транзитӣ ва нақлиётӣ нақши назаррас хоҳад гузошт.

Бояд таъкид намуд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ зери таваҷҷуҳ ва дастгириҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи авиатсияи гражданӣ  марҳила ба марҳила рушд намуда, барои тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 29, 2026 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд