ИМРӮЗ — РӮЗИ АНГИШТКАНОН. Истихроҷи ангишт то ба 3 миллион тонна расонида мешавад

Август 30, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 30.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар 7 моҳи соли 2026 дар Тоҷикистон 1 миллиону 495 ҳазор тонна ангишт истихроҷ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 200 ҳазор тонна зиёд буда, 332 ҳазор тоннаи он асосан ба Узбекистон содирот шудааст. Чунин гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати саноати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Юнусзода.

Якшанбеи охири август — Рӯзи ангиштканон

30 август дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаи истихроҷи ангишт таҷлил мегардад. Ин сана тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола якшанбеи охири моҳи август таҷлил карда мешавад.

Бори нахуст- истихроҷи 2,8 миллион тонна ангишт

Соли равон иди касбии ангиштканони тоҷик ба таҷлили ҷашни пуршукуҳи 35–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Маҳз дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимияти рушди соҳа дар радифи дигар соҳаҳои саноати ҷумҳурӣ назаррас гардида, ҳаҷми истихроҷи ангишт соли 2025 бори аввал дар ҷумҳурӣ ба 2,8 миллион тонна расонида шуд. Аз ин миқдор 550 ҳазор тоннаи он содирот гардид, ки ин нишондиҳанда дар таърихи кишвар баландтарин мебошад.

Истихроҷи ангишт ба 3 миллион тонна хоҳад расид

Баҳром Юнусзода афзуд, ки дар айни замон соҳаи ангишт бо дигар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ алоқамандии зич дошта, дар рушди иқтисодиёти миллӣ нақши муҳиму назаррас мегузорад. Солҳои охир кормандони соҳа барои бо ангишт таъмин намудани аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои саноатӣ корҳои зиёд ба анҷом расониданд. Имсол корхонаҳои соҳа тасмим гирифтаанд, ки истихроҷи ангиштро ба 3 миллион тонна расонанд, ки он бозгӯйи самараи меҳнати софдилонаи ҳар мутахассиси соҳа арзёбӣ мешавад.

Таъминоти Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бо ангишти ба талабот ҷавобгӯ яке аз вазифаҳои асосии роҳбарони корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт маҳсуб мешавад.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, соли равон барои иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027» ва барои таъмини Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 интиқоли 850,0 ҳазор тонна ангишт пешбинӣ гардидааст. То 26 август мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида 515,0 ҳазор тонна ангишт интиқол дода шудааст. Дар ин самт корҳо идома дошта, дар муҳлати муайяншуда миқдори пешбинигардидаи ангишт таъмин карда мешавад.

Таҳияи Барномаи рушди саноати ангишт

Аз тарафи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди саноати ангишти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардида, дар айни замон дар баррасии вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад. Амалишавии он ба рушди соҳа мусоидат мекунад,-мегӯяд намояндаи масъули Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ.

Сохтмони корхонаи истеҳсол, коркард ва бойгардонии антратсит

Сохтмони корхонаи истеҳсол, коркард ва бойгардонии антратсит бо истифода аз захираҳои кони «Назар-Айлоқ» ва истеҳсоли ангишти кокс аз захираҳои ангишти кони «Фон-Яғноб», истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва содироти он ба кишварҳои хориҷӣ метавонад ба таъмини рушди соҳаи саноати ангишт ва баланд бардоштани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ мусоидат намояд.

Истеҳсоли зиёда аз 55 фоиз неруи ҷаҳонии барқ бо ангишт

Ангишт манбаи дастрас ва устувори энергия дар ҷаҳон ва ба таври анъанавӣ яке аз намудҳои асосии сӯзишворӣ дар саноати энергетикаи ҷаҳонӣ дониста мешавад. Ҳоло истеҳсоли зиёда аз 55 фоиз неруи ҷаҳонии барқ ба ангишт рост меояд. Ангишт дар низоми амнияти энергетикии кишварҳое, ки захираҳои назарраси карбогидридӣ надоранд, нақши асосиро иҷро менамояд.

Ангишт дар дурнамои рушди иқтисодиёт

Баҳром Юнусзода гуфт, ки соҳаи истихроҷи ангишт дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди минбаъда дурнамои васеъ дорад, зеро бе воридоти дигар манбаъҳои энергетикӣ ба кишвар ангишт манбаи ягонае мебошад, ки дастрасӣ ва таъминоти он бо хароҷоти кам афзоиш дода шуда, талаботи дохили мамлакат пурра таъмин карда мешавад. Ангиштро на танҳо ҳамчун манбаи гармӣ, балки барои эҳтиёҷоти технологӣ, саноати кимиё ва энергетика, металлургияи ранга ва сиёҳ метавон истифода бурд, ки барои пешрафти минбаъдаи соҳа имконияти васеъ фароҳам меорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги сӯзишворӣ мебошад. Бо назардошти захираҳои мавҷуда ба истифода додани корхонаҳои нав, истеҳсоли маҳсулоти баландсифат, таъмини бозори дохилӣ бо ангишт ва содироти он ба хориҷи кишвар мувофиқи мақсад аст.

Содироти ангишт то ба 1 миллион тонна

«Умед аст, ки мутахассисони пуртаҷрибаи корхонаҳои соҳа минбаъд низ дар афзоиш додани ҳаҷми истихроҷ ва коркарди ангишт, таъминоти саривақтии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар бо он, афзоиш додани ҳаҷми содирот, истифодаи бештари иқтидор ва бунёди корхонаҳои нав талош варзида, дар рушди иқтисодиёти миллӣ нақши арзанда мегузоранд. Дар иртибот ба ин ангиштканони корхонаҳои соҳа азм намудаанд, ки содироти ангиштро дар оянда то ба 1 миллион тонна расонанд»,- мегӯяд масъули соҳа.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 30, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ мулоқот намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД. Барои ҷомеаи муосири мо ин се даҳсола асри таҳаввулоти ҷиддии фикрӣ, технологӣ ва менеҷмент ба шумор меравад
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон иқтидори энергетикӣ ба 70 МВт расонида шуд
Ҳавопаймои хатсайри Душанбе–Минск бо маросими анъанавӣ истиқбол гирифта шуд
Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Давоми 35 сол дар Тоҷикистон шумораи омӯзгорон беш аз 41 ҳазор зиёд гардид
Моҳи сентябр дар Тоҷикистон панҷумин Форуми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва пайвастшавӣ доир мегардад
Дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода мавсими тайёр кардани мавиз оғоз гардид
Рақамикунонӣ — омили муҳими рушди бехатарии озуқаворӣ дар сарҳад ва нақлиёт
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Ширкати «Жонгшан»-и Чин дар Тоҷикистон ҳавзҳои муосири моҳидорӣ бунёд менамояд
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид