ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СОХТМОН. Меъмории миллӣ ба ташаккули симои нави шаҳрҳо ва муҳити зисти муносиб мусоидат менамояд

Август 9, 2026 09:22

ДУШАНБЕ, 09.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Якшанбеи дуюми моҳи август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон муқаррар гардидааст. Имсол тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ин сана ба 9 август рост омад.

— Имрӯз нуфузу обрӯи сохтмончиёни мамлакат беш аз пеш баланд мегардад, зеро аксари офаридаҳои беҳтарину мондагор маҳсули дастони онҳо мебошад. Бунёди шаҳрҳои зебо ва иншооти бузурги меъморӣ- мактабу донишгоҳҳо, беморхонаву истироҳатгоҳҳо, қасрҳои бошукуҳи фарҳанг ва варзишгоҳҳо, хонаҳои истиқоматии замонавӣ, меҳмонхонаю китобхонаҳо ва дигар иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ маҳсули дастони пурэъҷози меъморону бинокорон мебошанд.

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Юсуфӣ дар робита ба иди касбии сохтмончиёни мамлакат изҳор намуд, ки «соҳаи сохтмон бо тамоми бахшҳои ҳаёти ҷомеа — аз манзилу маҳалли зист ва деҳоту шаҳрҳо то иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ва маърифат робитаи ногусастанӣ дошта, дар пешрафти он нақши муассир мегузорад. Сатҳу сифати иншооти бунёдшуда нишондиҳандаи рушди иқтисодӣ, фарҳанги шаҳрсозӣ ва имконоти техникиву муҳандисии ҳар мамлакат ба ҳисоб меравад».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба аҳаммияти соҳаи сохтмон чунин иброз доштаанд: «Сохтмон яке аз соҳаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ, инъикоскунандаи рушди давлат ва сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад».

Дар натиҷаи татбиқи пайгиронаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи сохтмон муваффақияти назаррас ба даст омада, ҳазорҳо иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла биноҳои истиқоматӣ, муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, иншооти фарҳангиву варзишӣ, роҳу пулҳо ва дигар объектҳои муҳими инфрасохторӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд.

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат бунёду навсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда буд. То 1 июли соли 2026 31 377 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, иҷрои нақша 106,3 фоизро ташкил дод. Илова бар ин, дар 1 412 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома дошта, баъди ба истифода супоридани онҳо шумораи умумии иншооти ҷашнӣ ба 32 789 адад ё 111 фоизи нақша хоҳад расид.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумиҳурии Тоҷикистон барои сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар моҳҳои январ–июни соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаи сохтмон идома ёфта, ҳаҷми ба истифода додани манзил ва иншооти муҳими иҷтимоӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Дар мамлакат беш аз 802 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шудааст.

Аз рӯи минтақаҳо ҳиссаи бештари манзилҳои нав ба шаҳри Душанбе рост омада, дар пойтахт 265,6 ҳазор метри мураббаъ ё 33,1 фоизи ҳаҷми умумии манзилҳои баистифодадодашуда сохта шудааст. Дар вилояти Суғд 255,4 ҳазор метри мураббаъ ё 31,8 фоиз, дар вилояти Хатлон 202,9 ҳазор метри мураббаъ ё 25,3 фоиз ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 71,5 ҳазор метри мураббаъ ё 8,9 фоиз манзил ба истифода дода шудааст.

Дар баробари рушди манзилсозӣ сохтмони иншооти иҷтимоӣ низ идома меёбад. Соли 2026 5 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 11 ҳазору 675 ҷойи нишаст сохта, мавриди истифода қарор гирифт. Аз ин шумора 6239 ҷой ба вилояти Хатлон, 2308 ҷой ба вилояти Суғд, 3032 ҷой ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 96 ҷой ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рост меояд.

Бояд иброз намуд, ки ифтихори мардуми бунёдкору меҳнатдӯст, соҳибтамаддуну фарҳангофарини тоҷик, хусусан сохтмончиёни мамлакат аст, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон маҳз бо ибтикору дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки меъмори ҳама ободкориву созандагиҳо дар мамлакат мебошанд, ба дастовардҳои барҷастаи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил гардидааст.

Ҳамчунин барои беҳтар намудани фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ дар ин давра муассисаҳои томактабӣ барои 1792 ҷой ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон муассисаҳо барои 1204 ҷой, дар вилояти Суғд барои 128 ҷой ва дар шаҳри Душанбе барои 460 ҷой сохта шуданд.

Тамоми корҳои бунёдию навсозӣ дар мамлакат маҳз бо шарофати заҳматҳои шабонарӯзии бинокорону сохтмончиён мебошад, ки новобаста ба мавсими сол ва гармию сардии зимистону тобистон ҳамеша софдилона меҳнат мекунанд.

Рушди устувори соҳаи сохтмон аз ҷумлаи нишондиҳандаҳои муҳими рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат буда, идомаи татбиқи барномаҳои давлатӣ дар ин самт барои боз ҳам беҳтар гардидани сифати зиндагии аҳолӣ аҳамияти калидӣ дорад.

Бунёди иншооту биноҳои замонавӣ, равшансозии кӯчаҳо, сохтмони муассисаҳои варзишӣ, мактабҳо ва кӯдакистонҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ, инчунин шинонидани гулу дарахтони ороишӣ – ҳама ин тадбирҳо дар самти ободонии пойтахт бо вусъати бесобиқа ба роҳ монда шудаанд. Имрӯз шаҳри Душанбе бо симои зебо ва ободу муосир ба яке аз марказҳои муҳими рушди мамлакат табдил ёфта, ифтихори ҳар сокини пойтахт маҳсуб мешавад.

Таърих, тамаддун ва фарҳангу ҳунармандии ҳар миллатро метавон аз тарзи меъмории биноҳои он баҳо дод. Зеро ҳар меъмор дар ҳар давру замон бо назардошти вазъи вақт ва гузаштаи миллати худ лоиҳа кашида, бино бунёд мекунад, ки он аз як аср ба асри дигар ба мерос гузашта, аз таърихи давлатдории он халқият шаҳодат медиҳад. Инчунин меъморӣ ва ҳунарҳои қадимии дастӣ боиси ҷалби бештари сайёҳон ба мамлакат мегардад.

Тавре сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Даврон Сафарализода иброз дошт, рушди соҳаи сохтмон яке аз омилҳои пешрафту нумӯи иқтисоди шаҳр маҳсуб шуда, таъмин намудани рушди он яке аз вазифаҳои афзалиятнок ба шумор меравад.

Давоми 35 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ ва бахусус, ба кор андохтани фондҳои асосӣ дар баробари дигар масъалаҳои мубрами рӯз аҳамияти ҳамешагӣ ва доимӣ дода мешавад. Агар соли 1992 дар шаҳри Душанбе дар маҷмуъ мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 1154 ҷойи талаба, соли 1994 барои 1420 ҷойи талаба ва соли 1997 барои 325 ҷойи талаба сохта, ба истифода дода шуда бошанд, шуруъ аз соли 2004 ҳамасола ҷараёни сохтмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе бемайлон ва батадриҷ идома дорад. Дар ин давра аз ҳама бештар дар соли 2006 мактабҳои замонавии таҳсилоти умумӣ дар маҷмуъ барои 4488 ҷойи талаба ва соли 2025 барои 9355 ҷойи талаба сохта, ба истифода дода шудаанд.

Ба истифода додани муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол», ки дорои таҷҳизоти муосири ташхисӣ ва табобатӣ буда, дармонгоҳи он барои 800 ҷойи қабул дар як баст ва беморхона дорои 650 кат мебошад, яке аз дастовардҳои назарраси даврони соҳибистиқлолӣ дар самти баланд бардоштани некуаҳволии сокинони на танҳо шаҳри Душанбе, балки тамоми аҳолии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бунёди 4560 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 1 июни соли 2025 4250 адад ё 93,2 фоизи иншооти ҷашнӣ пурра ба истифода дода шуда, сохтмони иншооти боқимондаи ҷашнӣ идома дорад.

Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ меъмории миллӣ рушд ёфта, меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ бо истифода аз дастовардҳои муосири соҳа, санъати баланди меъморӣ ва унсурҳои хоси фарҳанги миллӣ амалӣ мегарданд. Ин раванд ба ташаккули симои нави шаҳрҳо, ҳифзи арзишҳои меъмории миллӣ ва бунёди муҳити зисти муносиб мусоидат менамояд.

Ширинмоҳ ҚОСИМӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 9, 2026 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 149,6 миллион сомонӣ расид
Ҳаҷми умумии маблағгузории сармоя дар ноҳияи Хуросон ба зиёда аз 337 миллион сомонӣ расонида шуд
Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар масъалаи обу иқлим дар муколамаи ҷавонон баррасӣ шуданд
Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Спитамен бо вазъи соҳаҳои пахтакорӣ, боғдорӣ ва токпарварӣ шинос гардид
Ҷаласаи 21-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо доир шуд
Дар вилояти Хатлон имконоти ҳамкорӣ дар самти бунёди неругоҳҳои барқӣ баррасӣ гардид
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 3,7 баробар афзоиш ёфтааст
14 август Озмуни ҷумҳуриявии «Топ-35-шарики боэътимоди сол» баргузор мегардад
Тоҷикистон таҷрибаи пешрафтаи Қазоқистонро дар самти истифода аз технологияҳои нав барои рушди соҳаи мелиоратсия меомӯзад
Дар Тоҷикистон низоми e-Phyto татбиқ мегардад
Оид ба кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон Созишномаи қарзии иловагӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд ба маблағи 20,5 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст