ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 99,2 фоизи соҳибкорони инфиродӣ дар Ҳисор ба таври электронӣ ҳисобот пешниҳод намуданд
ДУШАНБЕ, 18.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор бо мақсади рушди рақамикунонии соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт ва иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» тадбирҳои муассир андешида шуда, корҳо дар ин самт ба таври назаррас ба роҳ монда шудаанд.
Тавре Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, дар шаш моҳи соли равон дар шаҳри Ҳисор 97 фоизи шумораи умумии субъектҳои ҳисоботдиҳандаи шахсони ҳуқуқӣ ва 99,2 фоизи соҳибкорони инфиродӣ ба таври электронӣ ҳисобот пешниҳод намуданд.
Бо мақсади пурзӯр намудани назорати татбиқи рушди низоми пардохт аз ҷониби филиалҳо ва марказҳои бонкӣ дар шаҳри Ҳисор 42 маркази хизматрасонии бонкӣ фаъолият дорад. Дар онҳо насби терминалҳои пардохтӣ ва истифодаи васеи кортҳо амалӣ мегардад. Ҳоло зиёда аз 218 ҳазору 378 нафар мизоҷон ба қайд гирифта шуда, бо кортҳои пардохтии бонкӣ таъминанд, ки ҳисоббаробаркуниро ба таврӣ ғайринақдӣ амалӣ менамоянд.
Ҳамзамон дар марказҳои хизматрасонии бонкӣ 197 постерминал, 53 банкомат, 541 QR-рамз ва 182 терминал барои гузаронидани амалиёти ғайринақдӣ насб гардидаанд.
Ғайринақдӣ гардонидани раванди пардохтҳо дар ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, аҳамияти иқтисодӣ дорад. Истифодаи воситаҳои пардохти ғайринақдӣ ҳангоми анҷом додани пардохти хизматрасонии давлатӣ ин равандро осон ва мусоид гардонида, яке аз усулҳои нисбатан мувофиқу осони пешбурди ҳисоббаробаркунӣ мебошад. Гузариш ба ин низом барои дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ, пайдоиши заминаҳо ва ё барномаҳои нави телефонӣ, беҳтар гардидани хизматрасониҳои бонкӣ, баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам овард. Вусъат додани пардохтҳои ғайринақдӣ ҳамзамон ба тақвияти низоми молиявии субъектҳои хоҷагидор, кам шудани ҳаҷми иқтисоди пинҳонӣ, афзун гаштани манбаъҳои андозбандӣ, сарфаи вақт, кам кардани хароҷот ҳангоми иҷрои амалиёт ва беҳтар шудани шаффофияти иқтисодиёт, аз ҷумла амалиёт дар бахши молиявӣ мусоидат намуд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






