«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад

Август 4, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 04.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Чоргонаи асарҳои Шераки Ориён ба нашр расид, ки «Қиссаҳои Шераки Ориён» ном дошта, зиёда аз 100 ҳикояро дар  бар гирифтаанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ин қиссаҳо ба забонҳои зиёди олам,  аз ҷумла ба забонҳои англисӣ, русӣ, фаронсавӣ, ҷопонӣ, чинӣ, ҳинду, урду, полякӣ, олмонӣ, арманӣ арабӣ ва дигар забонҳо тарҷумаю нашр шудаанд.

Дар охири китоб нигоштаҳо ва гуфтаҳои бузургону пажуҳишгарон Евгений Швед, Ҷавоншер Ҳайдарӣ, Ҳаким Рабимпур ва дигарон оварда шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки то ин замон 112 китоби Шераки Ориён бо забони тоҷикӣ ба табъ расидаанд. Ҳамчунин китобҳои зиёди ин нависанда ба забонҳои дигар нашр шудаанд. Навиштаҳои муаллиф бо 43 забони дунё тарҷумаю нашр шудаанд, аз ҷумла бо забонҳои русӣ, инглисӣ, фаронсавӣ, ҷопонӣ, чинӣ, ҳинду, урду, полякӣ, қазоқӣ, украинӣ, белорусӣ, узбекӣ, чехиву олмонӣ, арманиву гурҷӣ, испаниву арабӣ ва ғайра ба табъ расидаанд.

Шераки Ориён бо ҷоизаи «Дорандаи қалами тиллоӣ» мушарраф гардида, ҳамчунин дорандаи ҳафт ҷоизаи дигари байналхалқӣ мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 4, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид