ИСТИҚБОЛ АЗ ИСТИҚЛОЛ. Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳамоиши бошукуҳи идона баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 13.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Истиқбол аз Истиқлол: 35 соли созандагӣ, ваҳдат ва пешрафт ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барномаи бошукуҳи идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Зимни баргузории чорабинӣ иброз гардид, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик буда, маҳз дар партави сиёсати созанда ва дурбинонаи роҳбарияти олии мамлакат Тоҷикистони соҳибистиқлол ба марҳилаи нави рушду тараққиёт қадам гузошта, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба пешрафтҳои назаррас ноил гардид.
Дар барнома дастовардҳои сокинон ба намоиш гузошта шуданд. Аз ҷумла, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сӯзанидӯзӣ, маҳсулоти хоҷагии деҳқонӣ, дастовардҳои варзишӣ, маҳсули эҷоди ҳунармандон ва дигар маҳсули заҳмати сокинон пешкаши ҳозирин гардида, мавриди таваҷҷуҳи иштирокчиён қарор гирифтанд.
Ҳамзамон ба як зумра фаъолони ҳизб Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ тақдим гардид. Ба як гурӯҳ сокинон, ки нав ба сафи ҳизб пайвастанд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе








Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд






