ИСТИҚЛОЛ ВА ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ВАТАН. Доир ба он ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд

Август 12, 2026 14:54

ДУШАНБЕ, 12.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим» бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Истиқлол: таҷрибаи собиқадорон, неруи ҷавонон ва фардои дурахшони Ватан» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳамоиш бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардида, зимни он нақши собиқадорон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият, тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва садоқат ба Ватан муҳим арзёбӣ гардид.

Иброз гардид, ки имрӯз мардуми Тоҷикистон дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик дастоварди бузурги таърихӣ ва неъмати бебаҳо буда, маҳз ба шарофати он мамлакат роҳи рушди устувор, созандагиву бунёдкорӣ ва таҳкими давлатдории миллиро пеш гирифтааст.

Таҷрибаи бойи собиқадорон ва неруи созандаи ҷавонон ду қувваи муҳими ҷомеа буда, ҳамкории онҳо барои идомаи корҳои созандагиву ободонӣ ва рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол аҳамияти калон дорад.

Дар фазои ҳамоиш ба масъалаи пайванди наслҳо, арҷгузорӣ ба хизматҳои собиқадорон ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти ҷавонон дар назди Ватан таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

АКС: Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Август 12, 2026 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад