«ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: СУЛҲУ СУБОТ ВА АМНИЯТИ ҶОМЕА ДАР МЕҲВАРИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ». Бо чунин унвон ҳамоиш доир гардид

Август 26, 2026 12:03

ДУШАНБЕ, 26.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 август дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Истиқлолияти давлатӣ: сулҳу субот ва амнияти ҷомеа дар меҳвари арзишҳои миллӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳамоиш бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» баргузор гардид. Он ба масъалаҳои таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ҳифзи сулҳу субот, таъмини амнияти ҷомеа, пойдории ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳии ҷавонон бахшида шуд.

Дар ҳамоиш ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Эмомалӣ Насриддинзода иброз дошт, ки Истиқлоли давлатӣ дастоварди бузурги таърихӣ ва заминаи устувори бунёди давлатдории миллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими мақоми мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ва пешрафти илму маориф ба ҳисоб меравад.

Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи арзишҳои бунёдии давлати соҳибистиқлол буда, ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи муқаддас ва қарзи шаҳрвандии ҳар сокини кишвар мебошад. Дар ин замина тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои таърихию фарҳангӣ, риояи қонун ва масъулияти шаҳрвандӣ аҳаммияти хосса дорад.

Дар идомаи ҳамоиш намояндагони мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ оид ба арзишҳои Истиқлоли давлатӣ, таҳкими амнияти миллӣ, пешгирии таҳдиду хатарҳои муосир, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, муқовимат ба терроризму экстремизм, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ва истифодаи мақсаднок ва бехатари фазои иттилоотӣ маъруза намуданд.

Зимни маърузаҳо иброз гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, бархӯрди манфиатҳо ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, баланд бардоштани фарҳанги сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон ва тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонон аз омилҳои муҳимми таъмини суботи ҷомеа ба шумор мераванд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Август 26, 2026 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд