ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР ТОҶИКИСТОН. Таҳти чунин унвон конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 20.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 август бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Истиқлоли давлатӣ ва рушди илму маориф дар Тоҷикистон» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иброз намуд, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои миллати тоҷик марҳалаи эҳёи миллӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ ва бунёди ҷомеаи навин ба ҳисоб меравад. Дар ин марҳала соҳаи илму маориф ҳамчун пояи муҳимми давлатдорӣ, омили асосии рушди сармояи инсонӣ ва кафолати пешрафти ҷомеа мавқеи калидӣ касб намуд.
Дар ин давра ҳама зинаҳои таҳсилот, аз таҳсилоти томактабӣ то таҳсилоти олӣ марҳала ба марҳала таҳким ёфтанд ва барои таълиму тарбияи насли донишманд, соҳибкасб ва ватандӯст шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Агар дар соли таҳсили 1991-1992 дар ҷумҳурӣ 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият мекард, имрӯз шумораи онҳо ба 4056 расидааст. Танҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ 4135 бино ва бинои иловагии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 888 ҳазору 531 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст. Ин рақамҳо аз таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди маориф шаҳодат медиҳанд.
Ҳамзамон нақши ташаббусҳои маърифативу фарҳангии Пешвои миллат дар рушди зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа махсус таъкид гардид. Озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» ва «Шоҳномахонӣ» имрӯз ба ҳаракати фарогири маърифатӣ табдил ёфта, дар таҳкими худшиносии миллӣ, рушди тафаккури илмӣ, арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни миллӣ ва ҷалби ҷавонону наврасон ба мутолиа ва донишомӯзӣ нақши муассир доранд.
Дар баробари ин, таъкид шуд, ки ҷаҳони имрӯз аз ҳар фарди ҷомеа дониш, ҷаҳонбинии васеъ, тафаккури навоварона ва мутобиқшавӣ ба равандҳои босуръати технологиро талаб менамояд. Аз ин рӯ, омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқу риёзӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, забонҳои хориҷӣ ва омода намудани насли ҷавон ба талаботи асри зеҳни сунъӣ ва иқтисоди рақамӣ аз вазифаҳои муҳими низоми маорифи мамлакат ба шумор меравад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






