ИСТИҚЛОЛИЯТ, ҶАВОНӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор гардид

Август 28, 2026 15:21

ДУШАНБЕ, 28.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 август бо ибтикори Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таҳти унвони «Истиқлолият, ҷавонӣ ва созандагӣ» Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи ҳизб хабар доданд.

Барномаи форум бо боздиди дастҷамъонаи иштирокчиён аз «Осорхонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» оғоз ёфт.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иброз намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста нисбат ба насли ҷавон ғамхории падарона зоҳир намуда, барои рушду камолоти онҳо тамоми шароити мусоидро фароҳам овардаанд.

Ҳамзамон роҳбарони намояндагиҳои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва минтақаи Рашт оид ба корҳои анҷомдодаашон гузориш доданд. Дар фарҷоми бахши расмӣ як гурӯҳ иштирокчиёни фаъол бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Дар доираи барномаи фарҳангию маърифатии форум иштирокчиён бо «IT-Park»-и Душанбе, бинои нави Парлумони Тоҷикистон, бинои нави Телевизиони «Душанбе» ва Осорхонаи миллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.

АКС: Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Август 28, 2026 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид