ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Ҳаҷми маблағгузории соҳаи маориф давоми 25 соли охир 224 баробар зиёд гардид

Август 19, 2026 13:48

ДУШАНБЕ, 19.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати мамлакат соҳаи маориф дар Тоҷикистон ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Яке аз нишондиҳандаҳои асосии таваҷҷуҳи давлат ба ин соҳа афзоиши пайвастаи маблағгузории маориф мебошад. Танҳо барои соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 13 миллиарду 677 миллиону 300 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Чунин рақам азми давлатро барои таҳкими заминаҳои рушди соҳа ва фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбияи насли наврас бозгӯйӣ мекунад.

Бояд иброз намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ рушди низоми маориф, беҳтар намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯзгорону хонандагон аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.

Муқоисаи ин нишондиҳанда бо солҳои қаблӣ низ равшан нишон медиҳад, ки маблағгузории маориф ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми маблағҳои пешбинишуда дар соли 2026 нисбат ба соли 2020 қариб 2,7 баробар ва нисбат ба соли 2001 224 баробар зиёд мебошад. Чунин афзоиши маблағгузорӣ аз мавқеи муҳимми соҳаи маориф дар низоми сиёсати иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Бояд махсус таъкид намуд, ки маблағгузории соҳаи маориф дар соли 2026 ба 7 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва 20,4 фоизи хароҷоти умумии буҷети давлатӣ баробар шудааст, ки аҳамияти стратегӣ доштани ин соҳаро боз ҳам бештар нишон медиҳад. Яъне, қисми назарраси захираҳои молиявии давлат ба рушди сармояи инсонӣ, таълиму тарбияи насли ҷавон ва омода намудани кадрҳои соҳибмаърифат равона мегардад.

Сармоягузорӣ ба маориф, пеш аз ҳама, сармоягузорӣ ба ояндаи давлат ва ҷомеа мебошад. Зеро сатҳи рушди иқтисод, илм, фарҳанг, технология ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба сифати низоми таълиму тарбия ва сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва малакаи насли ҷавон вобастагии мустақим дорад. Аз ин рӯ, афзоиши маблағгузории соҳаи маорифро метавон ҳамчун заминаи муҳими рушди устувори кишвар ва таҳкими иқтидори инсонӣ арзёбӣ кард.

Дар маҷмуъ, нишондиҳандаҳои маблағгузории соли 2026 собит месозанд, ки маориф дар сиёсати давлатии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосса дошта, рушди он ҳамчун омили муҳими пешрафти миллӣ пайваста дастгирӣ меёбад. Афзоиши маблағгузорӣ на танҳо ба беҳтар шудани шароити таълим, балки ба ташаккули ҷомеаи донишбунёд, баланд бардоштани рақобатпазирии мамлакат ва тарбияи насли ояндасоз мусоидат мекунад.

Ҳамин тавр, 13 миллиарду 677 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағгузории соҳаи маориф дар соли 2026 танҳо як рақами буҷетӣ нест, балки ифодаи сиёсати дарозмуддати давлат дар самти рушди инсон, илм ва маърифат мебошад. Ин раванд метавонад барои ташаккули насли босавод, соҳибкасб, ватандӯст ва барои ҷомеаи муосир омода заминаи боэътимод гардад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 19, 2026 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»