ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Барои рушди ин соҳа дар Бадахшон зиёда аз 422 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 20.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ аз соли 1993 то 2025 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 240 бинои мактаб, 6 бинои маъмурии раёсату шуъбаҳои маориф, 44 кӯдакистон ва марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон, 9 толор ва майдончаи варзишӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати маорифи вилоят хабар доданд.
Бояд гуфт, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дастгириву ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат сол ба сол ободу пешрафта ва сатҳу сифати зиндагии сокинони он мунтазам беҳтар мегардад.
Дастгирии давлат ва рушди муассисаҳои таълимӣ
Ба иттилои манбаъ, соли 2026 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 312 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 65 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ, 40 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 207 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 Литсейи давлатӣ, 1 мактаби президентӣ ва 1 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ) фаъолият намуд, ки дар он 37 ҳазору 416 нафар (18 ҳазору 418 духтар) ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маориф ҳамчун соҳаи калидӣ аҳамияти хосса дода, маблағгузории онро сол аз сол афзоиш медиҳад.
Тавре муовини сардори Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Аҳмадшоҳ Муаллифшоев иброз намуд, дар робита ба мустаҳкам намудани заминаи таълимии муассисаҳои таълимӣ диққати асосӣ ба сохтмони биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ, ҷойи иловагии нишаст, таъмири асосии биноҳои таълимӣ, толорҳою майдончаҳои варзишӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ, соҳибкорон, шахсони алоҳидаи эҳсонкор, шарикони рушд ва дигар сарчашмаҳои иловагӣ равона гардид.
Саҳми соҳибкорон дар бунёди муассисаҳо
«Аз ин шумора танҳо дар солҳои 2021-2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҳисоби буҷаи давлат, соҳибкорон, шахсони алоҳидаи эҳсонкор 93 бинои наву синфхонаҳои иловагӣ, кӯдакистонҳою марказҳои инкишофи барвақтии кӯдак ба маблағи 331 ҳазору 571,2 сомонӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд»,-афзуд номбурда.
Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, аз ҷумла дар ноҳияи Дарвоз бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 бо маблағгузории 28 миллион сомонӣ, дар ноҳияи Ванҷ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 бо 15 миллион сомонӣ, дар ноҳияи Рӯшон муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №7 (15,5 миллион) ва №9 (16,5 миллион), дар ноҳияи Шуғнон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 (12 миллион), дар ноҳияи Роштқалъа Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 (32 миллион), дар ноҳияи Ишкошим Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 (26 миллион), Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 (7 миллион), дар шаҳри Хоруғ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 ( 26 миллион) ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 (7 миллион) сохта, ба истифода дода шуданд.
Ҳамзамон дар бисёр деҳаҳои дурдаст, аз қабили Камчак, Жак, Зиғар, Ушхарви ноҳияи Дарвоз, Зайч, Жамак, Мотравн, Дуршер, Ван-Ван, Поймазори ноҳияи Ванҷ, Намадгут, Исор, Зонг, Иневи ноҳияи Ишкошим биноҳои нави муассисаҳои нави таълимии умумӣ ва томактабӣ сохта шуданд.
Танҳо соли 2025 45 иншоот, аз ҷумла 14 муассисаи таҳсилоти умумӣ дорои 56 синфхона барои 1226 ҷой ва 31 муассисаи томактабӣ барои 1960 кӯдак ба маблағи 47 милиону 507 ҳазору 770 сомонӣ ба истифода дода шуд.
Афзоиши теъдоди муассисаҳои томактабӣ
Дар вилоят агар соли 1997 теъдоди муассисаҳои томактабӣ 9 адад, соли 1999 — 14 ва соли 2005 19 ададро ташкил медод, пас дар соли 2024 теъдоди ин муассисаҳо ба 26 адад расид. Фарогирии кӯдакон низ ба таълиму тарбияи томактабӣ сол ба сол афзоиш меёбад. Чунончи, агар соли 2007 1421 нафар ва соли 2012 1400 нафар ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта шуда бошанд, пас дар соли 2024 ин теъдод ба 2112 нафар расид. Соли 2025 ин теъдод ба 82 адад расида, фарогирии кӯдакон 4719 нафарро ташкил дод. Аз 82 муассисаи томактабӣ 35-тои он бинои замонавӣ дорад.
Бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ дар вилоят шакли алтернативии таҳсилоти томактабӣ – марказҳои инкишофи кӯдак ташкил карда шудаанд. Аз ҷумла, агар соли 2013 дар вилоят 103 Маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 1875 нафар кӯдакон ташкил гардида бошад, дар соли таҳсили 2023-2024 157 Маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 2734 кӯдак фаъолият намуд. Соли 2025-2026 ин теъдод ба 168 адад бо фарогирии 3341нафар кӯдак расид.
Иттилоъ дода шуд, ки танҳо дар соли 2025 35 муассисаи томактабӣ сохта, ба истифода дода шуда. Соли 2026 сохтмони 52 муассисаи дигар идома ёфта, то 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоқикистон ва то охири соли равон пурра сохта, ба истифода дода мешаванд.
Бо мақсади пурра амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба бунёди 800 бинои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва на кам аз 1000 бинои нави муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оид ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ давоми солҳои 2022 то 2024 дар ҳудуди вилоят 85 иншооти соҳаи маориф ба маблағи 93 миллиону 660 сомонӣ, ки аз инҳо 37 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 41 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 5 майдонча ва толори варзишӣ, 1 бинои шуъбаи маориф ва 1 бинои муассисаи таҳсилоти иловагӣ сохта шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Афзоиши маблағгузорӣ ба соҳа
Давоми соли 2025 дар ҳудуди вилоят аз ҳисоби ҳама манбаъҳои маблағгузорӣ 15 муассисаи таҳсилоти умумии дорои 56 синфхона барои 1230 ҷойи нишаст ва 31 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 1960 кӯдак ба маблағи 56 миллиону 173 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуданд.
Соли 2026 барои рушди соҳаи маорифи вилоят 422 миллиону 643 ҳазору 709 сомонӣ пешбинӣ гардид, ки нисбат ба соли 2025 102 миллиону 377 ҳазору 341 сомонӣ ё 31,9% зиёдтар мебошад.
Давоми соли 2026 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии дорои 185 синфхона барои 3700 ҷойи нишаст, 52 бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба маблағи 185 миллиону 752 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, 11 бинои муассисаи таҳсилоти умумии дорои 105 синфхона барои 2548 ҷойи нишаст ва 52 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 2500 кӯдак ба маблағи 108 миллиону 781 ҳазор сомонӣ идома дорад. Ин биноҳо то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешаванд. Аз ин шумора 6 бино ба шаҳри Хоруғ, 10 адад ба ноҳияи Дарвоз, 6 бино ба ноҳияи Ванҷ, 4 адад ба ноҳияи Рӯшон, 7 адад ба ноҳияи Шуғнон, 9 бино ба ноҳияи Роштқалъа, 6 бино ба ноҳияи Ишкошим ва 4 бино ба ноҳияи Мурғоб рост меояд.
Сохтмони 4 муассисаи таълимӣ: Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 40 дар деҳаи Даштаки ноҳияи Дарвоз аз ҳисоби Бунёди миллии маблағгузории иҷтимоии Тоҷикистон, Муассисаи таҳсилоти умумии асосии №27-и деҳаи Старғи Ҷамоати деҳоти Рованд ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 16-и деҳаи Бовиди Ҷамоати деҳоти М.Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ аз ҳисоби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ ва Муассисаи таҳсилоти ибтидоии №40-и деҳаи Бопасори ноҳияи Рӯшон аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи расмии Варзишгоҳи миллӣ ва барномаи театрикунонидашуда ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ. Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон беш аз 100 созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонидааст
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия чорабинии тантанавӣ доир шуд
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба таври шукуҳманд таҷлил намуданд
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ






