ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар ин давра дар Тоҷикистон шумораи мактабҳо, хонандагон ва омӯзгорон афзоиш ёфт

Август 15, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 15.08.2026. /АМИТ «Ховар»/.  Давоми 35 соли Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон 877 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Афзоиши аҳолӣ ва талабот ба муассисаҳои таълимӣ

Бо назардошти афзоиши мунтазами аҳолӣ талабот ба муассисаҳои таълимӣ низ зиёд шуда, ҳамасола барои фароҳам овардани шароити муосири таҳсил ва таъмини кадрҳои соҳибтахассус тадбирҳои васеъ андешида мешаванд.

Давоми 35 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб ёфта, дар рушди он комёбиҳои муҳим ба даст омадаанд. Агар дар соли таҳсили 1991-1992 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 3179 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият мекард, то соли таҳсили 2025-2026 шумораи онҳо ба 4056 адад расид.

Рушди муассисаҳои типи нав

Дар сохтори кунунии системаи маориф инчунин 272 муассисаи ибтидоӣ, 308 муассисаи асосӣ ва 3476 муассисаи миёнаи умумӣ фаъолият дорад. Дар баробари ин, солҳои охир рушди муассисаҳои типи нав низ ҷараёни босуръат гирифтааст. То имрӯз дар ҷумҳурӣ 172 муассисаи типи нав, аз ҷумла 82 гимназия ва 90 литсей фаъолият менамояд. Нисбат ба соли таҳсили гузашта шумораи ин гуна муассисаҳо 3 адад зиёд гардидааст.

Афзоиши шумораи хонандагон

Зиёд шудани шумораи муассисаҳо ба афзоиши шумораи хонандагон вобастагӣ дорад. Дар соли таҳсили 2024-2025 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 2 миллиону 357 ҳазору 56 хонанда таҳсил мекард. Ин нишондиҳанда дар соли таҳсили 2025-2026 ба 2 миллиону 462 ҳазору 7 нафар баробар гардид. Ҳамин тариқ, давоми як сол шумораи хонандагон 104 ҳазору 951 нафар зиёд шудааст.

Шумораи омӯзгорон низ афзоиш ёфтааст

Бояд иброз намуд, ки шумораи омӯзгорон низ дар ҷумҳурӣ  афзоиш ёфтааст. Дар айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 136 ҳазору 116 нафар омӯзгор фаъолият дорад. Нисбат ба соли аввали истиқлолият ин нишондиҳанда беш аз 41 ҳазор нафар зиёд мебошад. Аз шумораи умумии омӯзгорон 89 ҳазору 950 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки 66 дарсади ҳайати омӯзгориро дар бар мегирад.

Сатҳи тахассуси омӯзгорон

Сатҳи тахассуси омӯзгорон низ баланд гардида, тибқи маълумоти расмӣ, 106 ҳазору 509 омӯзгор, яъне 78,2 дарсад дорои таҳсилоти олӣ ва 6 ҳазору 732 нафар дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошанд.
Таҳлили нишондиҳандаҳои оморӣ нишон медиҳад, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи маориф аз лиҳози сифатӣ низ рушди назаррас ба даст омадааст. Таъсиси муассисаҳои типи нав, баланд шудани сатҳи таҳсилоти омӯзгорон ва фароҳам овардани шароити муосири таълим ба беҳтар шудани сифати таҳсил мусоидат мекунад.

Дар маҷмуъ, афзоиши шумораи муассисаҳои таълимӣ, хонандагон ва омӯзгорон далели равшани таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф ва сармоягузорӣ ба ояндаи насли ҷавон мебошад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

 АКС: АМИТ «Ховар»

 

Август 15, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи расмии Варзишгоҳи миллӣ ва барномаи театрикунонидашуда ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ. Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон беш аз 100 созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонидааст
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия чорабинии тантанавӣ доир шуд
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба таври шукуҳманд таҷлил намуданд
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ