ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар вилояти Хатлон соҳаи маориф қариб ду баробар рушд намудааст

Август 16, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 16.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Давоми солҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса дода шуда, шумораи муассисаҳои таълимӣ, хонандагон ва омӯзгорон ба таври назаррас афзоиш ёфт.Тибқи маълумоти расмӣ, агар дар ибтидои соҳибистиқлолӣ дар вилоят 962 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият дошт, имрӯз ин рақам ба 1399 адад расидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар доданд.

Афзоиши шумораи хонандагон ва омӯзгорон

Тибқи иттилои манбаъ, шумораи хонандагон аз 422,6 ҳазор то ба 942 ҳазору 709 нафар зиёд гардид. Шумораи омӯзгорон низ аз 26 ҳазору 800 нафар ба 50 ҳазору 445 нафар расонида шуд. Ин нишон медиҳад, ки шумораи омӯзгорон дар вилоят қариб ду баробар зиёд шудааст.

Ифтитоҳи муассисаҳо бо иштироки Пешвои миллат

Танҳо бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 156 иншооти нави соҳаи маориф ба истифода супорида шуд. Дар ин муассисаҳо 3086 синфхонаи нав бо иқтидори 77 ҳазору 82 ҷойи нишаст дар як баст сохта шуд. Дар ду баст ин нишондод ба 154 ҳазору 164 ҷойи нишаст баробар аст.

Бояд иброз намуд, ки давоми 35 соли истиқлоли давлатӣ соҳаи маорифи вилояти Хатлон ба марҳалаи нави рушд ворид гардид. Сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва иштироки Пешвои миллат замина фароҳам овард, ки инфрасохтори таълимӣ ва сифати кадрии соҳа ба таври назаррас беҳтар шавад.

Пешрафти кунунии соҳаи маориф маҳз натиҷаи талош ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат мебошад.

Таваҷҷуҳи махсус ба соҳаи томактабӣ

Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони шаҳру вилоятҳои мамлакат вазифадор шуда буданд, ки зимни пешбурди корҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масъалаи бунёди муассисаҳои томактабӣ масъулияти бештар зоҳир намуда, сохтмони ин гуна муассисаҳоро суръат бахшанд.

Дар ҳамин замина «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027» қабул гардид, ки он дар ду марҳила: солҳои 2022-2024 ва 2025-2027 амалӣ мегардад.

Маҳз ҳамин талаботи қатъӣ замина гузошт, ки дар вилоят 25 муассисаи томактабӣ барои 5128 кӯдак бунёд гардида, барои фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад.

Ҳамин тариқ, рушди инфрасохтори маориф дар вилояти Хатлон шаҳодати он аст, ки сармоягузорӣ ба таълиму тарбияи насли наврас ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ идома дорад.

Бояд гуфт, ки ба тарбия ва таҳсили хушсифат фаро гирифтани насли наврас яке аз ҳадафҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Имрӯз бояд кӯшиш намуд, ки насли наврас дар шароити хуб таҳсил намуда, дар оянда дар пешрафти Ватан саҳми арзанда гузорад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Август 16, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Хатлон бо натиҷаҳои лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид шинос гардиданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Падидаҳои зебои табиат ба таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва пайвандгари наслҳо табдил меёбанд
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст