ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Давоми 35 сол дар Тоҷикистон шумораи омӯзгорон беш аз 41 ҳазор зиёд гардид
ДУШАНБЕ, 30.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли таҳсили 2025-2026 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 136 ҳазору 116 нафар омӯзгорон фаъолият намуданд, ки нисбат ба соли таҳсили 1991-1992 беш аз 41 ҳазор нафар зиёд мебошад. Афзоиши сафи кормандони соҳаи маориф аз таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат ба соҳаи маориф шаҳодат медиҳад. Ин нишондиҳанда натиҷаи тадбирҳои пайгиронаи давлат дар самти омодасозӣ, бозомӯзӣ ва ҳавасмандгардонии кадрҳои омӯзгорӣ мебошад.
Таваҷҷуҳи давлат ба омӯзгор
Таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои асосӣ дар соҳаи маориф маҳсуб шуда, раванди бомароми таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ба он робитаи бевосита дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ 30 августи соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ибоз доштанд, ки бо назардошти ҷорӣ намудани иқтисоди рақамӣ, татбиқи чорабиниҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», муосирсозии раванди таҳсилот, пурра таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ ва дурнамои омодасозии кадрҳо дар соҳаи омӯзгорӣ Барномаи давлатии омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ таҳия карда шавад.
Такмили ихтисос-омили рушди соҳа
Бо мақсади андешидани тадбирҳои доимӣ дар самти бозомӯзии касбии омӯзгорон ва дар се сол як маротиба аз даврҳои такмили ихтисос гузаронидани онҳо соли 2024 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйир ворид гардида, гузаштан аз даврҳои баландбардории маҳорати касбӣ дар се сол як маротиба ба роҳ монда шуд.
Тавре ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Наврӯз Мирзозода иброз дошт, дар ин самт аз ҷониби Донишкада «Тартиби бозомӯзии кормандони соҳаи маориф», «Тартиби курсҳои такмили ихтисос» ва зиёда аз 10 санади меъёрии локалии соҳа таҳия ва тасдиқ гардид. Фаъолияти мазкур бо назардошти пешравиҳои ҷаҳони муосир ҳарчи зудтар дастрасӣ пайдо кардани омӯзгорони собиқадори ғайриихтисосро ба таҳсил ва тахассуси нав имкон медиҳад.
Ҳамзамон тибқи «Стратегияи рушди донишкада дар самти дастрасӣ ба такмили ихтисос то соли 2030» шаклҳои зерини такмили ихтисос: классикӣ-рӯзона (анъанавӣ), омехта, фосилавӣ, дуалӣ ва худомӯзӣ ба роҳ монда мешаванд. Дар айни замон дар донишкада шаклҳои классикӣ ва омехта амал мекунанд. Танҳо соли 2025 зиёда аз 12 фоизи даврҳои омӯзишӣ ба тариқи омӯзиши омехта баргузор карда шуд. Барои омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик ва математика барномаҳои таълимӣ оид ба омӯзиши омехта ва фосилавӣ дар платформаи Мoodle таҳия гардиданд, ки имсол ба таври омӯзишӣ ба роҳ монда мешаванд. Инчунин зиёда аз 25 фоизи даврҳо ба тариқи омӯзиши омехта ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Ҳуқуқ ва имтиёзҳои омӯзгор
Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, бартараф намудани норасоии кадрӣ, таъмини шароити созгор барои маорифчиён ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ҷаҳду талоши зиёд менамояд. Маҳз ба ин хотир бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» таҳия гардид. Ҳадаф аз он баланд бардоштани мақоми омӯзгор, омодасозӣ, иҷрои самараноки уҳдадориҳо, таъмини ҳуқуқ ва кафолатҳои иҷтимоии омӯзгор мебошад.
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, бартараф намудани норасоии кадрӣ, таъмини шароити созгор барои маорифчиён ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон кӯшиши зиёд ба харҷ дода мешавад. Аз ҷумла, тибқи моддаи 53-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф имтиёзҳои гуногун доранд. Яке аз он бо мукофоти соҳавӣ, давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз шудан барои дастовардҳо дар фаъолияти омӯзгорӣ ва тарбияи насли наврас мебошад.
Инчунин омӯзгорон имтиёз доранд, ки барои меҳнати шоиста ва дастовардҳои педагогию илмӣ ба таври моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонида шаванд. Омӯзгороне, ки бори аввал аз фонди давлатӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд ё ба беҳтар намудани шароити манзилашон эҳтиёҷ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати аввал бо хонаи истиқоматӣ ё қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион занон дар деҳот зиндагӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КИШОВАРЗОН. Ин соҳа зиёда аз 61 фоизи аҳолиро бо ҷойи кор фаро гирифтааст
АЗ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ ТО ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Марҳилаи нави ислоҳоти давлатӣ
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд






