ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Давоми панҷ соли охир маоши омӯзгорон 135 фоиз зиёд гардид
ДУШАНБЕ, 30.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз зиёд карда мешавад. Саволе ба миён меояд, ки маоши омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат чанд аст ва давоми чанд соли охир он чӣ гуна зиёд мешавад? Ба ин саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон посух доданд.
Маоши омӯзгорон 135 фоиз зиёд гардид
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми панҷ соли охир бо назардошти соли 2026 маоши омӯзгорон 135 фоиз зиёд гардид.
Аз 1 сентябри соли 2026 музди маоши миёна барои омӯзгорони синфҳои ибтидоии ҳама гуна ихтисос (синфҳои аз 1 то 4 ) 2620 сомонӣ ва барои омӯзгорони синфҳои болоии ҳама гуна ихтисос (синфҳои аз 5 то 11) 2460 сомониро бе назардошти иловапулиҳо ташкил меҳдиҳад.
Тавре муовини Вазири маориф ва илм Бадриддин Музаффарзода зимни нишасти матбуотии вазорат иброз намуд, маоши амалкунанда бо иловапулӣ ва роҳбарисинфӣ барои омӯзгор дар як баст ба ҳисоби миёна 4493 сомониро ташкил медиҳад.
Тартиби пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи маориф
Тибқи «Тартиби пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи маориф», ба омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумие, ки роҳбари синф мебошанд, 15 фоиз аз меъёр барои 1 баст иловапулӣ барои роҳбарӣ пардохт карда мешавад.
Ҳамзамон барои тафтиши дафтар ва корҳои хаттӣ аз ҳисоби соатҳои ҳақиқӣ 20 фоиз маблағи иловагӣ ба омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, алифбои ниёгон, забони русӣ, забонҳои хориҷӣ, математика, физика, химия, нақшакашӣ, санъати тасвирӣ ва ба омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ пардохт карда мешавад.
Дар ҳолати тақсим намудани синфҳо ба зергурӯҳҳо агар омӯзгорони гуногун дарс диҳанд, иловапулӣ дар ҳаҷми 50%-и меъёри муқарраргардида (20 фоиз) пардохт карда мешавад. Дар ҳолати шумораи умумии хонандагон дар синфҳо аз 30 нафар зиёд будан иловапулӣ барои тафтиши дафтар ва корҳои хаттӣ аз ҳисоби соатҳои ҳақиқӣ 25% ва зиёда аз 40 нафар бошанд, 30% пардохт карда мешавад
Агар дар синф шумораи умумии хонандагон аз 12 нафар кам бошад, иловапулиҳо 50% аз меъёри муқарраргардида (20%) кам пардохт карда мешавад.
Ба омӯзгороне, ки таҳсилро дар хона бо кӯдакони носолим мебаранд, иловапулӣ барои тафтиши дафтар пардохт карда намешавад.
Ба омӯзгороне, ки бо қарори шурои омӯзгорони муассиса роҳбари иттиҳодияҳои методӣ интихоб мешаванд, барои иҷрои сарбории иловагӣ ба кори асосиашон иловапулӣ ба андозаи 15 фоизи меъёри 1 басти омӯзгорони синфҳои 1-4 бо маълумоти олии касбӣ, тахассуси олӣ пардохт карда мешавад.
Ба роҳбари гурӯҳи идоракунии назорати сифати таҳсилоти муассисаҳои таҳсилоти умумие, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад, барои иҷрои сарбории иловагӣ ба вазифаи асосиаш 10 фоизи меъёри 1 басти омӯзгорони синфҳои 1-4 бо маълумоти олии касбӣ, тахассуси якум пардохт карда мешавад.
Иловапулӣ ба омӯзгорони ҷавон
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли сли 2015 «Дар бораи андоза ва тартиби пардохти иловапулӣ ба маоши омӯзгорони ҷавон, ки дар деҳот фаъолият менамоянд», барои се соли аввали фаъолияти омӯзгорони ҷавони то 30-солаи дорои таҳсилоти касбии омӯзгорӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумии деҳот фаъолият менамоянд, ба 1 воҳиди сарборӣ (1 баст) дар се соли аввали корӣ иловапулӣ ба андозаи 10 фоиз пардохт карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли равон маоши вазифавии кормандони муассисаҳои дигари соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва муассисаҳои дигари буҷетӣ 20 фоиз зиёд карда мешавад.
Музди меҳнати кормандони соҳа беш аз 20 баробар зиёд шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳаи маориф давра ба давра беш аз 20 баробар зиёд карда шуд. Аз аввали соли таҳсили 2025-2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шуд. Маблағгузорӣ ба ин соҳаи муҳим сол аз сол афзоиш меёбад, ки ин ба беҳтар гардидани шароити таҳсил, инфрасохтори соҳа ва вазъи иқтисодии омӯзгорон мусоидат мекунад.
Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, бартараф намудани норасоии кадрӣ, таъмини шароити созгор барои маорифчиён ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ҷаҳду талоши зиёд менамояд. Зеро муаллим тарбиятгари инсон, чароғи раҳнамо ба сӯи фардои дурахшон, таконбахши рушди ҷомеа ва саҳмгузори рушди неруи ақлонӣ мебошад.
Ғамхорӣ ба омӯзгор
Яке аз қадамҳои муҳими давлат дар самти дастгирии омӯзгорон- ин зиёд шудани маоши онҳо мебошад. Давоми чанд соли охир маоши омӯзгорон борҳо зиёд шуд, ки ин иқдом дар баланд бардоштани нуфуз ва мавқеи омӯзгор дар ҷомеа нақши назаррас дорад.
Ғамхорӣ дар ҳаққи омӯзгор сабаби бартараф намудани норасоии кадрӣ, таъмини шароити созгор барои маорифчиён ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон мегардад. Зеро омӯзгор шахсе аст, ки ҷомеаро таълиму тарбия медиҳад. Ин тадбирҳо маҳз ба он равона шудаанд, ки омӯзгорон ба такмил додани дониш ва малака бештар рӯ оварда, бо талаботи замон ҳамқадам бошанд.
Тавре Сарвари давлат таъкид менамоянд, «калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани кори таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии хонандагон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд».
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгиирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифи Тоҷикистон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид. Таъсиси квотаи президентӣ, бунёди муассисаҳои томактабӣ, мактабҳо ва донишгоҳҳои нав, баланд бардоштани нақши омӯзгор дар ҷомеа, додани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон аз ҷумлаи ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат мебошанд, ки дар рушди соҳа амалӣ карда мешаванд.
Тақрибан ҳамасола баланд бардоштани музди маоши кормандони соҳаи маориф ва беҳтар гардидани вазъи кормандони муассисаҳои таълимӣ далели бебаҳси таваҷҷуҳ ба ҳаёти иҷтимоии омӯзгор ва ба ин васила баланд бардошти сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.
Афзоиши маблағгузорӣ ба соҳаи маориф
Тавре Сарвари давлат иброз намуданд, Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаҳои калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
«Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015 панҷуним баробар зиёд мебошад», -иброз доштанд Президенти Тоҷикистон.
Бояд гуфт, ки дар замони ҷаҳонишавӣ бартарӣ ва афзалият додан ба соҳаи маориф, бешубҳа, воситаи муҳими расидан ба ҳадафҳо ва амалӣ намудани нақшаҳои стратегии давлат мебошад. Зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ собит намудааст, ки бартарият додан ба соҳаи маориф ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ мусоидат менамояд. Бо инобати ин Ҳукумати мамлакат ба ин соҳа бештар таваҷҷуҳ намуда, барои пешрафти он аз тамоми имконот истифода менамояд. Зеро барои ҳамқадами замон будан бояд насли донишманд ва босавод тарбия намуд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








31 август дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон Рӯзи дониш бо Дарси сулҳ оғоз меёбад
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Давоми 35 сол дар Тоҷикистон шумораи омӯзгорон беш аз 41 ҳазор зиёд гардид
Маркази миллии тестӣ: «Бақайдгирии довталабон барои иштирок дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз гардид»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҳафт иншооти соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-ро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар якчанд муассисаи таълимии шаҳри Истаравшан корҳои сохтмонӣ идома доранд
Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатӣ ва Дафтари барномаҳои САҲА нақшаи чорабиниҳои муштарак ба имзо расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои муассисаи томактабии «Зирамоҳ»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти томактабии «Орзу»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: СУЛҲУ СУБОТ ВА АМНИЯТИ ҶОМЕА ДАР МЕҲВАРИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ». Бо чунин унвон ҳамоиш доир гардид






