ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Чор ҳадафи стратегии Тоҷикистон дар самтҳои асосии рушди мамлакат қабул гардид

Август 11, 2026 13:48

ДУШАНБЕ, 11.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 истиқлолият ба даст овард ва бо ин рӯйдод саҳифаи нави таърихи миллӣ боз шуд. Бо омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари ҳокимият чор қадами бузург ва формулаи эҳёи Тоҷикистони навин баъд аз ҳазор сол муайян гардид.

— Дар даҳсолаи якуми соҳибистиқлолӣ оташи ҷанги хонумонсӯз хомӯш ва бо талошҳои пайвастаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурезаҳои миллат ба Ватан баргардонида шуданд. Дар дили сокинон, хосатан занону модарон умед бар ояндаи нек ва расидан ба зиндагии шоистаю пурсаодат пайдо гардид. Ҳамчунин дар ин давра Конститутсия ва рамзҳои давлатӣ ‒ Парчам, Нишон, Суруди миллӣ қабул шуданд, чун ҳар давлат бо рукнҳои давлатии хеш муаррифӣ ва эътироф мегардад.

Даҳсолаи дуюм барои мардуми шарифи Тоҷикистон солҳои рушди иқтисод арзёбӣ мешавад. Дар ин давра гузариш ба иқтисоди бозорӣ, таҳияи барномаҳои давлатӣ барои барқарорсозии хоҷагиҳои вайроншуда, сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», бунёди роҳҳои автомобилгард ва оҳан, истифодаи захираҳои обӣ ва гидроэнергетикӣ ба роҳ монда шуд.

Инчунин дар замони соҳибистиқлолӣ чор ҳадафи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои асосии рушди мамлакат аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон қабул гардид.

Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ

Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ аз инҳо иборат аст:

— Тоҷикистонро аз кишвари ҳабсшуда ба мамлакати транзитӣ табдил додан.
Дар ин давра роҳҳои автомобилгард ва оҳан: Душанбе–Чанок, Душанбе — Кӯлоб, Хатлон — Бадахшон, нақбҳои Шоҳмансур, Чормағзак, Анзоб сохта шуда, фурудгоҳҳо ва логистика оид ба пайвастшавӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва баромад ба бозорҳои ҷаҳонӣ рушд дода шуд.

Таъмини истиқлоли энергетикии мамлакат

-Пурра қонеъ кардани эҳтиёҷоти дохилӣ ба неруи барқ ва содироти он, ки ҳадафи асосии он
сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» аст;

— Бозсозӣ ва сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурд ва миёна;

— Таҷдиди шабакаҳои интиқоли барқ дар фасли зимистон, ташкили ҷойи нави кор.

Таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон

Дар ин давра барои пурра таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти ватании кифоя ва босифат истеҳсоли ғалла, картошка, сабзавот, мева мақсаднок афзоиш дода шуд.

— Рушди соҳаи чорводорӣ ва моҳипарварӣ;

— Коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он;

— Истифодаи самараноки замин ва об.

Саноатикунонии босуръати мамлакат

Дар ин давра сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вусъат дода, худро ҳамчун давлати фаъол бо дипломатияи густурда дар масъалаҳои об дар Созмони Милали Муттаҳид нишон дод.

Дар ин солҳо обрӯи байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаҳои об ва амният баланд гардида, барои саноатикунонӣ ва рақамикунонӣ заминаи амиқ гузошт.

Имсол ба соҳибистиқлолии Тоҷикистон 35 сол пур мешавад. Давоми 35 соли пур аз ҷаҳду талошҳо ба хотири расидан ба зиндагии шоистаю пурсаодат мардуми сарбаланди Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаю инсондӯстона ва роҳнамои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ғурури миллӣ дар таҳкими сулҳу субот ва рушди соҳоти мухталифи хоҷагии халқ бо эҳсоси баланди ватансозӣ барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон азиз бо созандагию ободонӣ якдилона саҳм мегузоранд.

Имрӯз ин соҳибистиқлолӣ бо сарварии Пешвои миллат комил аст ва боз ҳам ҳимоятро тақозо менамояд.

Аз ҳама ҷавонони қавиродаю боғуруру худогоҳии меҳан даъват меорем, ки дар ҳифзи арзишҳои соҳибистиқлолӣ бо иродаи қавӣ, донишҳои мукаммалу саҳеҳ ва донистани таърихи гузашта дар рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ саҳм гузоранд.

Муслим УСМОНЗОДА,
мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Август 11, 2026 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
ТОҶИКИСТОН ВА СҲШ: аз муколамаи сиёсӣ то ҳамкории амалӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Ташаббуси қонунгузорӣ оид ба манъи истифода, истеҳсол, воридот, содирот ва фурӯши яклухту чаканаи сигаретаҳои электронӣ -қадами муҳим дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд