Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад

Август 6, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 06.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 сентябри соли 2026 истифодаи барномаи мобилии «Амина» барои ҳама категорияҳои шаҳрвандони хориҷие, ки вурудашон ба Федератсияи Русия бе раводид амалӣ мегардад, ҳатмӣ мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират  хабар доданд.

Барномаи мобилии «Амина» то ин вақт дар ҳудуди шаҳри Москва ва вилояти он асосан барои бақайдгирии муҳоҷирони меҳнатӣ пешбинӣ шуда буд.

Аз 1 сентябри соли 2026 ин барнома ҳамчун ягона воситаи бақайдгирии ҷойи зисти шаҳрвандони хориҷӣ (шаҳрвандони Тоҷикистон) истифода шуда, доираи истифодабарандагони он васеъ мегардад.

Аз ҷумла тавассути ин барнома минбаъд шаҳрвандони хориҷии аз 18-сола боло, аз ҷумла донишҷӯёни хориҷӣ (шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ таҳсил мекунанд ё ба корҳои илмию таҳқиқотӣ машғуланд, метавонанд ҷойи зисташонро ба қайд гиранд.

Ҳамзамон шаҳрвандони ноболиғ тибқи тартиби муқарраргардида барои гирифтани иҷозатномаи зисти муваққатӣ ба шуъба ё раёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия вобаста ба ҷойи зисти худ муроҷиат менамоянд.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки шаҳрвандон дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ё зарурати гирифтани машварати ҳуқуқии ройгон метавонанд ба мутахассисони намояндагӣ муроҷиат намоянд.

Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40, +7 (929) 540-88-88, +7 (988) 676-00-00, +7 (967) 271-02-02, +7 (920) 941-60-60, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00, +7 (977) 370-77-44, шабакаи иҷтимоии «WhatsApp» ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.

–ҳавзаи федералии Приволжие, шаҳри Қазон: +7 (926) 311-52-53;

–ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, шаҳри Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;

–ҳавзаи федералии Сибир, шаҳри Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;

–ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, шаҳри Астрахан: +7 (929) 388-54-11;

–ҳавзаи федералии Урал, шаҳри Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;

–роҳбари Ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, шаҳри Хабаровск: +7 (909) 809 55 48;

–роҳбари Ташкилоти ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19 ва почтаи электронии Намояндагӣ; prmstj@mail.ru.

АКС: Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират 

Август 6, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд