ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон кишти зироат идома дорад
ДУШАНБЕ, 04.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон оид ба самаранок истифода бурдани замин корҳои назаррас анҷом дода мешаванд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар доданд, бо ин мақсад дар хоҷагии деҳқонии «Алишер», воқеъ дар деҳаи Меҳнати ноҳия 9 гектар замини кишоварзӣ самаранок истифода мешавад.
Хоҷагидорон талош доранд, ки аз ҳар қитъаи замин ҳосили хуб ба даст оварда, дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ саҳм гузоранд.
Кишоварзони хоҷагӣ соли 2026 дар 6 гектар чигити зери плёнка кишт намуданд. Ҳоло ниҳолҳои пахта дар ҳолати хуби нашъунамо қарор дошта, аз ҷониби кишоварзон мунтазам нигоҳубин карда мешаванд.
Истифодаи технологияи кишти чигити зери плёнка имкон медиҳад, ки дар марҳилаҳои аввали нашъунамои растанӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуда, зироат самараноктар нигоҳубин карда шавад. Дар 3 гектар кишоварзон сабзавот кишт намуда, барои ба даст овардани маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ аз имконияти мавҷуда оқилона истифода менамоянд.
Дар шароити имрӯза истифодаи босамари заминҳои корам, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, рушди кишти зироати гуногун ва ба даст овардани ҳосили баланд аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад.
Бояд иброз намуд, ки истифодаи оқилонаи замин ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат мекунад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






