ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад

Август 17, 2026 14:39

ДУШАНБЕ, 17.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади истифодаи самараноки замин сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ Зулфия Юлдошева дар 6 садяк замини наздиҳавлигӣ намудҳои гуногуни зироати кишоварзӣ кишт намудааст. Дар айни замон Зулфия Юлдошева ҳосили кишти такрории зироатро ҷамъоварӣ менамояд.

Тавре Зулфия Юлдошева дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, «бо гузаронидани кишти такрорӣ, интихоби дурусти тухмӣ ва нигоҳубини саривақтии зироат аз як замин метавон то ду-се ҳосил ҷамъоварӣ намуд. Ман дар байни қаторҳои помидор ҷуворимакка ва лӯбиё кишт карда, дар як вақт се навъи маҳсулотро ҷамъоварӣ намудам».

Дар айни замон Зулфия Юлдошева ба ҷамъоварии ҳосили кишти такрории карам, сабзӣ, боимҷон, ҷуворимакка, помидор, бодиринг ва кабудӣ машғул буда, аз онҳо барои захираи зимистон ҳар гуна хӯришу мураббо омода кардааст.

Фаъолияти пурсамари кишоварзони ноҳия шаҳодати он аст, ки деҳқонон дар инҷо заминро хуб истифода мебаранд. Деҳқонони ноҳия талош менамоянд, ки аз заминҳояшон то се ҳосили фаровон ба даст оранд. Зеро ин омил имконият медиҳад, ки на танҳо хонавода бо озуқаворӣ, балки бозорҳои истеъмолӣ низ бо маҳсулоти ватанӣ таъмин карда шаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 17, 2026 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад